Вазири адлия дар бораи санҷиши далелҳои шиканҷа

Вазири адлия дар бораи санҷиши далелҳои шиканҷа

Зимни нишасти хабарӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар робита ба далелҳои шиканҷаву марг дар муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки нисбати гунаҳкорони марги маҳкумшуда дар муассисаи ислоҳии Ваҳдат Ачик Қаюмов ҳукми суд содир шудааст.

«Аз рӯи ин ҳодиса роҳбари вақти муаассисаи ислоҳии Ваҳдат Давлаталӣ Раҳимов мувофиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) мутттаҳам дониста шуда, ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ ва табиби ҳамонвақтаи муассиса Саидхон Расулов мутобиқи моддаи 129, қ. 2-и КҶ ҶТ (Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба 3 соли зиндон маҳкум шуд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вазири адлия, аз рӯи ҳодисаҳои дигари шиканҷаву кирдори бераҳмона дар муассисаҳои ислоҳӣ, аз ҷумла марги маҳбус Ҳамза Икромзода ва навори видеоии осори лату кӯб дар муассисаи ислоҳии Хуҷанд тафтишот идома дорад. «Бигзор прокуратура санҷиши худро ба итмом расонида, суд афроди гунаҳкорро муайян кунад. Мо анҷоми тафтишотро интизорем», - иброз дошт вай.

Дар робита ба дастрасии доимии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мониторинги муассисаҳои ислоҳӣ вазири адлия зикр кард, ки тибқи қонун, як гурӯҳи шахсоне муайян шудаанд, ки барои дастрасӣ ба ин муассисаҳо ҳуқуқ доранд, вале сарфи назар аз ин, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия бо иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки масъалаи боздид аз муассисаҳоро бо мақомоти раҳбарии сарраёсат ва Омбудсмен мувофиқа месозанд, доимо ҳамкорӣ мекунад.

«Ҳеҷ кас масъалаи марбут ба шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳиро канор гузоштанӣ нест ва мо дар ин самт тадбирҳо андешида, баҳри ислоҳи вазъ чораҷуӣ мекунем. Барои ин каме вақт лозим аст. Соли гузашта гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа бо вазъи муассисаҳои ислоҳии кишвар аз наздик ошно гардида, онро на он қадр бад арзёбӣ кард ва ба камбудиҳои ҷойдошта низ ишора намуд, ки баҳри бартараф кардани онҳо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод», - афзуд Р.Менглиев.

Наргис Ҳамробоева, "Азия-Плюс"

 

Абдулқодирзода барои ошкор кардани шиканҷа нарафта буд

Дар ин бора Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон иброз дошт.

Номбурда гуфт, ки Сайидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои уламои кишвар барои ошкор кардани осори шиканҷа ба маҳбасхонаҳо нарафтааст: “Ташрифи ходимони дин ба муассисаҳои ислоҳӣ на ба хотири муайян намудани осори шиканҷа аст, балки масъулини Вазорати адлия онҳоро барои гузаронидани корҳои тарбиявӣ даъват мекунанд”. 

Номбурда мегӯяд, дар муассисаҳои ислоҳӣ шахсоне ҳастанд, ки бо ҷурми ташкилотҳои динии мамнӯъ дар қаламрави кишвар муттаҳам дониста шудаанд ва аз ин хотир ходимони динро даъват мекунанд, ки бо чунин маҳбусон сӯҳбатҳо анҷом дода, бархе аз масоилро барои онҳо равшан созанд.

Ба гуфтаи Менглиев, аз тарафи зиндониён низ дар ин бора баъзан дархост мешавад, то барои онҳо вохӯрӣ бо ходимони дин ба хотири муайян намудани бархе аз умури динӣ баргузор намоянд.

Ёдрас менамоем, ки райиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабри соли гузашта зимни намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфта буд, ки муддати се рӯз аз ҳамаи маҳбасҳои пойтахт дидан карда, бо шароиту аҳволи маҳбусон аз наздик шинос шудааст ва хабарҳо дар бораи шиканҷаи зиндониёнро бепоя хонд.

"Озодагон"