Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Тавассути хати телефони ройгони 30-40-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 46 шаҳрванд оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намудаанд, ки ба онҳо машварати ҳуқуқӣ дода шудааст.
Дар ин бора рӯзи 7-уми августи соли 2025 зимни нишасти матбуотӣ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иттилоъ дод. Зикр гардид, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дар шашмоҳаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳо ба 5803 нафар шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ расонида шудааст.
Дар ин давра ба 170 нафар маъюбон ёрии ҳуқуқии ройгон расонида шудааст. Дар маҷмуъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 63 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият намуда, ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба маркази ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар шашмоҳаи якуми соли равон ҳамагӣ 259 дархост оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба барномаи худкори иттилоотии «Адвокат» ворид гардида, аз ин шумора 239 нафар мард ва 20 нафар зан мебошанд. Аз шумораи умумии дархостҳо 44 нафар ноболиғ ва 8 нафар шахси маъюб мебошанд.