Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

15-уми июни соли 2026 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзуи "Таъмини дастрасӣ ба адолат барои қурбониёни шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" вебинар баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, баргузор гардид.
Вебинар дар платформаи Jitsi Meet дар шакли бехатар, ки имконияти иштироки беном ва пешниҳоди саволҳоро дар вақти воқеӣ пешбинӣ намуда буд, гузаронида шуд. Бо мақсади таъмини махфияти иштирокчиён чорабинӣ сабт нашуд.
Ҳадафи чорабинӣ боло бурдани огоҳии ҳуқуқии иштирокчиён дар бораи механизмҳои миллӣ ва байналмилалии таъмини дастрасӣ ба адолат барои қурбониёни шиканҷа, инчунин шарҳи кафолатҳои ҳуқуқии мавҷудаи ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо буд.
Дар вебинар 15 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, ҳимоятгарони ҳуқуқ, рӯзноманигорон, фаъолон ва дигар шахсони манфиатдор иштирок карданд.
Дар рафти вебинар асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таъмини дастрасӣ ба адолат барои қурбониёни шиканҷа, аз ҷумла муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 143, эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии давлат тибқи Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ баррасӣ гардиданд.
Ба фаҳмиши дастрасии муассир ба адолати судӣ, ки имконияти муроҷиати фаврӣ ба мақомоти ваколатдор, гузаронидани тафтишоти ҳамаҷониба ва беғаразона, ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсони гунаҳкор ва дарёфти ҷуброни одилонаи зарари расонидашударо дар бар мегирад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ба иштирокдорон марҳилаҳои асосии тартиби мурофиавии баррасии аризаҳо оид ба шиканҷа, аз ҷумла бақайдгирии шикоятҳо, гузаронидани санҷишҳо, оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, гузаронидани тафтишоти объективӣ ва таъин намудани ташхиси судӣ-тиббӣ шарҳ дода шуд.
Дар доираи вебинар инчунин масъалаҳои ҳуқуқ ба ҳимоя ва дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба ёрии адвокат аз лаҳзаи муроҷиат, имконияти ба даст овардани ёрии ҳуқуқии ройгон дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, инчунин кафолатҳои бехатарии аризадиҳандагон ва чораҳо барои пешгирии фишору таъқиб баррасӣ гардиданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба воситаҳои муассири ҳимояи ҳуқуқӣ, аз ҷумла шикоят аз амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор, назорати прокурорӣ ва судӣ дар мавриди риояи қонуният дар раванди тафтиши хабарҳо дар бораи шиканҷа зоҳир карда шуд.
Иштирокдорон инчунин бо стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт, ки тафтишоти ҳатмии фаврӣ, мустақил ва беғаразонаи ҳар як хабар дар бораи шиканҷа, таъмини кафолати ҳуқуқи ҷабрдидагон ба ҷуброн ва барқарорсозии ҳуқуқҳои нақзшуда, инчунин ногузирии ҷавобгарии шахсони гунаҳкорро пешбинӣ мекунанд, шинос шуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои вебинар иштирокдорон дар бораи механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва имкониятҳои татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ ба адолат донишҳои амалӣ ба даст оварданд. Чорабинӣ дар фазои созанда баргузор гардид ва ба боло бурдани маърифати ҳуқуқии иштирокдорон мусоидат намуд.