Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
11-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба аҳолӣ кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида, бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ, Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва 40-солагии қабули Конвенсияи зидди шиканҷа дар мавзӯи ҳуқуқи инсон викторина доир намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуд.
Чорабинӣ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи ҳуқуқи инсон бахшида шуда буд. Шаҳрвандон бо саволҳои худ ба коршиносон муроҷиат карда, ёрии ройгони ҳуқуқӣ гирифтанд. Саволҳо ба муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, шаҳрсозӣ ва оилавӣ дахл доштанд.
Дар идома викторина оид ба ҳуқуқи инсон ва Конвенсияи зидди шиканҷа баргузор гардид, ки таваҷҷуҳро ҷалб намуд. Саволҳои викторина гуногун буда, донишҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирифтанд. Масалан:
- 10-уми декабр кадом рӯз қайд карда мешавад?
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд модда иборат аст?
- Кадом ҳуҷҷатҳои байналмилалиро дар бораи ҳуқуқи инсон медонед?
- Кадом қонунҳои Тоҷикистонро медонед?
- Ҳуқуқи инсон чист ва ғайра.
Барои ҷавобҳои дуруст ба иштирокчиён туҳфаҳо дар шакли термосҳо ва термоистаконҳо тақдим карда шуданд, ки боиси иштироки фаъол ва таваҷҷуҳ ба чорабинӣ гардид. Дар чорабинӣ ҳамагӣ 64 нафар иштирок намуданд. Аксарияти иштирокдорон худдорӣ карданд, ки созмондиҳандагон ҷараёни иштирокашонро дар викторина аксбардорӣ намоянд.
Чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон баҳои мусбат гирифт. Бисёре аз иштирокдорони викторина аҳамияти баррасии ҳуқуқи инсон ва зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардумро дар ин мавзуъ қайд карданд.
Ба ҳар як иштирокчии викторина буклет ва варақаи иттилоотӣ бо нишон додани маълумот барои тамос бо сохторҳои дахлдоре, ки ҳангоми нақз шудани ҳуқуқи инсон муроҷиат кардан мумкин аст, тақдим гардид.