ВКД: Тоҷиев шояд аз ғализшавии хун дар шуш ҷон дод

ВКД: Тоҷиев шояд аз ғализшавии хун дар шуш ҷон дод

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ имрўз 22-юми январ роҷеъ ба саволи рўзноманигорон оид ба марги Умедҷон Тоҷиев, узви боздоштшудаи ҲНИТ дар бемористони зиндонҳои Хуҷанд гуфт, ки дар дохили рагҳои хунгарди шуши ў тромбаҳои калонҳаҷм пайдо шуда, эҳтимол боиси ҷон додани ў гардидааст.

«Сабаби марги Тоҷиевро тафтишот муайян мекунад. Мо сабаби марги ўро пурсон шудем, гуфтанд, ки дар дохили рагҳои хунгарди шушаш тромбаҳои калонҳаҷм пайдо шудаст. Санҷиш то ҳол рафта истодааст», - гуфт Шариф Назаров.

Генерал Шариф Назаров овозаҳо оид ба зада ба ҳалокат расондани ин узви боздоштшудаи ҲНИТ дар шаҳри Хуҷандро рад карда, гуфт, ки агар кормандони милиса ва ё дигар мақомот даст ба шиканҷаи шаҳрвандон зананд, аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбати онҳо парванда оғоз карда мешавад.

Аммо ин дар ҳолест, ки марги Умедҷон Тоҷиев сару садоҳо миёни ҷомеаро ба бор овард ва ҳатто дар баҳсҳои интернетӣ корбарон марги ўро дар бемористони зиндон маҳкум мекарданд. Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ҳам оид ба марги Тоҷиев изҳороти худро пахш намуд, ки дар он тафтиши фаврию дақиқ ва беғаразонаи сабаби марги ин узви боздоштшудаи ҲНИТ ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси масъул дар ҳалокати ў дархост шудааст.

Гуфта мешавад, Умедҷон Тоҷиеви 34-сола рӯзи 30-юми октябри соли 2013 аз тарафи кормандони бахши кофтукоби ҷиноии шўъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара боздошт гардида буд.

Ибтидо қазияи боздошти ўро мақомот дар авбошӣ маънидод мекарданд, вале пас аз се рўзи боздошташ дар ШКД-и шаҳри Исфара ба ў тафтишот моддаҳои 187 қисми 2 ва 307 қисми 2-и кодекси ҷиноятии ҶТ иттиҳоми даст доштан ба гурўҳи мамнўъшудаи харакери ифротгароӣ дошта гунаҳкор донистанд.

Ин иттиҳомот боиси ба таври муаммо сарозер шудани Тоҷиев аз ошёнаи сеюми бинои шўъбаи корҳои дохилӣ мегардад, ки пояш шикаста ва шароити роҳгардиро аз даст медиҳад.

Баъд аз ин парвандаи ў ба додгоҳ ирсол гардида ва худи Тоҷиев дар шароити СИЗО дар Хуҷанд нигоҳ дошта мешуд, ки пайваста аз шароити нигоҳдошташ ва ҳам вазъи саломатияш шикоят мекард. Баътар то дами маргаш Тоҷиевро аз СИЗО ба бемористони зидонҳо интиқол доданд.

19-уми январ Умедҷон Тоҷиев дар зиндон ба таври то ба ҳол барои наздиконаш номаълум даргузашт, ки ҷасади ўро рўзи 20-уми январ дар Исфара ба хок супурданд.

TojNews