Воқеан дастгир шудани шахс

Иқтибос

аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»

(Қисми 15). Ба суд, судяҳо зарур аст, ки дар марҳилаи тосудии мурофиаи ҷиноятӣ ва баррасии парванда ҳангоми санҷиши ариза дар бораи вайрон кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, инчунин дигар шаҳрвандон, ҳуқуқҳои аз шаъну шарафи хоси шахсияти инсон бармеоянд, дида баромадани дархост дар бораи иҷозат додан ба татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан бояд ҷиҳати кай шахс воқеан дастгир шудааст, ба кадом мўҳлат, дар куҷо нигоҳ дошта шудааст, оё протокол тартиб дода шудааст, экспертизаи тиббӣ нисбаташ гузаронида шудааст ё не, инчунин дигар ҳолатҳои бо он алоқамандро муайян намояд.

Оғози мўҳлати дастгиршавии шахс лаҳзаи воқеан дастгир кардани ў ҳисобида мешавад. Вақти мазкур бо қайди ҳатмии соату дақиқа дар протоколи дастгир кардан, ки аз тарафи муфаттиш ё таҳқиқбаранда дар давоми се соат пас аз воқеан дастгир кардани шахс тартиб дода шудааст, нишон дода мешавад.

Суд, судяҳо вазифадоранд дар ҳолатҳои ошкор кардани сохтакории вақти дастгир кардани гумонбаршуда, яъне аломати ҷинояти бо моддаи 323-и КҶ (сохтакории хизматӣ) тибқи талаботи қисми 2-и моддаи 35 КМҶ таъиноти (қарори) хусусӣ бароварда, ҳолати мазкурро ба маълумоти прокурор барои гузаронидани санҷиш ва қабули қарори асосноку қонунӣ расонанд.

(Қисми 16). Мутобиқи талаботи қисми 1-и моддаи 100 КМҶ мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки шахсро дастгир кардааст, вазифадор аст дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳ доштани дастгиршуда ягон аъзои болиғи оила ё хешовандони наздикро хабардор кунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро диҳад, аз ҷумла бо роҳи иҷозат додани занги телефон.

Дар бораи дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан ё дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршавандаи ноболиғ тибқи талаботи қисми 4-и моддаи 427 КМҶ ба намояндагони қонунии ў хабар дода мешавад.

Ҳаракати мурофиавии мазкур дар протоколе, ки аз тарафи муфаттиш (таҳқиқбаранда) ва айбдоршаванда ( гумонбаршаванда) имзо мегардад, қайд карда мешавад.

NotortureTj