Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Алиҷони 15-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, ба пайвандонаш гуфтааст, ӯ таҳти шиканҷаву таҳдиди кормандони пулис гуноҳро ба гардан гирифтааст.
Алиҷони 15-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, ба пайвандонаш гуфтааст, ӯ таҳти шиканҷа ва таҳдиди кормандони милиса гуноҳро ба гардан гирифтааст.
Пайвандони Алиҷон Ализода, рӯзи 26 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, фарзандашон ҷинояте накардааст ва мақомот бояд қотил ва ё қотилони воқеиро пайдо кунанд.
Миёнаҳои моҳи июл, телевизиони давлатии Тоҷикистон як гузориши вазорати умури дохилиро нашр кард, ки нишон медод, ин наврас нақл мекард, ки чӣ гуна ду нафарро куштааст. Аммо наздиконаш гузориши телевизиониро сохтаи мақомот арзёбӣ намуда, мегӯянд, писарашон ҳафтае пеш дар нахустин мулоқот бо онҳо гуфтааст, баъд аз таҳдиду шиканҷаи кормандони пулис, аз тарс кушторро эътироф кард. Дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Варзоб гуфтанд, ҳеҷ касе нисбат ба Алиҷон шиканҷаву таҳдид истифода набурдааст ва феълан парвандаи ӯро додситонӣ баррасӣ дорад.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, куштори Шуҳрат Ғолибови 25-сола ва Исломиддин Шаҳидови 13-сола, сокинони шаҳри Душанбе, рӯзи 6 июл дар истироҳатгоҳи “Нилан”-и Варзоб, ки он ҷо ҳамроҳ кор мекардаанд, рух додааст. Ин истироҳатгоҳро хонаводаи Шуҳрат Ғолибов ба иҷора гирифта, барои таъмини рӯзгор кор мекардаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса, вазорати умури дохилӣ гуфт, ки ҳангоми кори якҷоя миёни Ализода ва Ғолибов ҷанҷол рух дода, дар натиҷа Ализода дар заминаи хусумати шахсӣ ба утоқе, ки дар он Ғолибов бо Исломиддин хоб будаанд, ворид шуда, онҳоро бо зарби табар ба қатл расондааст.
Худи Алиҷон дар ин гузориши телевизионӣ мегӯяд, вақте Шуҳрату Исломиддин дар утоқашон хоб будаанд, вориди утоқ шуда, аввал Шуҳрат, сипас Исломиддинро кушт ва ҷасадҳоро ба дарё партофт. Пайвандони Алиҷон мегӯянд, ӯ зери шиканҷа чунин ҷиноятеро иқрор кардааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ шиканҷа дар идораи пулиси Варзоб нисбат ба ноболиғ ба қайд гирифта нашудааст ва пайвандони Алиҷон агар далел доранд, метавонанд, ба мақомот шикоят баранд.
Ботур Тағоев, падари Алиҷон Ализода, рӯзи 26-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро аввал ба ҳайси шоҳид ба идораи пулис бурдаанд ва бо ҳамин ӯро ба ҳабс гирифта, барои ҷиноятро эътироф намудан, шиканҷааш додаанд.
Ботур Тағоев иддао дорад, ки писарашро ба василаҳои гуногун азобу шиканҷа додаанд, то гуноҳи нокардаеро ба гардан бигирад: “ 20-уми август бо писарам дар боздоштгоҳи Душанбе вохӯрӣ доштем, писарам дар ҳузури ман, адвокат ва муфаттиши парванда нақл кард, ки ӯро дар Шӯъбаи корҳои дохилии Варзоб задаанд, дар барқ мондаанд, ки ҳамин корро ба гардан мегирӣ. Писарам гуфт, дар болои миз хобонда, гуфтаанд, агар ба калла намегирӣ мо туро таҷовуз мекунем. Бачаи ман қудрати одамкушӣ надорад, як дасти чапаш аз хурдӣ осеб дидааст, чӣ гуна як ҷавони 25 соларо бо табар мекушад?”.
Падари наврас гуфт, писараш иброз доштааст, дар куштори Шуҳрату Исломиддин на ӯ, балки 4 нафари дигар даст доранд, ки санаи рух додани ҳодиса, фарзандаш онҳоро дидааст, ки Шуҳратро ба утоқе дароварда латту кӯб менамудаанд: “Писарам нақл кард, ки ҳамон 4 нафар ӯро дошта, мегӯянд, агар дар ягон ҷо гап мезанӣ худат, падарат ва модаратро мекушем”.
Волидайни Шуҳрат ва Исломиддин бар ин назаранд, ки қотили асосии фарзандонашон танҳо ноболиғи 15-сола нест ва дар пушти ин ҷиноят афроди дигаре меистад, ки мақомот бояд онҳоро пайдо намояд.
Гулниссо Маҳмудова, модари марҳум Шуҳрат Ғолибов ба Радиои Озодӣ гуфт, Алиҷони 15-сола шояд дар ҷиноят даст дошта бошад, лекин ӯ худ танҳо аз ӯҳдаи содир намудаи ин кор намебарояд: “Бо худи Алиҷон як бор рӯ ба рӯ шудам, ӯ ба ман гуфт, ки барои пайдо кардани қотилони писаратон кӯмак мекунам, гуфт, дар ин ҷиноят як ман нестам. Бо ман одамони калон ҳастанд, ки гап назан мегӯянд”.
Пайвандони Шуҳрату Исломиддини марҳум ва ноболиғи гумонбар ба куштор мехоҳанд, парвандаи Алиҷони ноболиғ аз Додситонии ноҳияи Варзоб ба Додситони кулли Тоҷикистон интиқол ёбад, зеро дар Варзоб парвандаро якҷониба баррасӣ дошта, барои пайдо намудани қотилони асосӣ талоше сурат намегирад.
Эмомуддин Муродзода, муфаттиши парвандаи Алиҷон дар додситонии Варзоб ба Радиои Озодӣ гуфт, худи ҳамин рӯз, 26 август, ин парвандаро ба Додситони кул фиристодаанд. Ӯ баррасии якҷониба ва ғайримунсифонаи парвандаро рад намуда, аз шарҳи бештари қазия худдорӣ кард.
Шабнами Искандар, адвокати Алиҷон мегӯяд, бори ахир, ки бо зерҳимояаш мулоқот дошт, аз сӯҳбатҳои Алиҷон маълум шуд, ки ӯ дар ҷиноят даст надорад ва барои тафтиши одилонаи парванда ба унвонии раиси ҷумҳури кишвар, Додситони кул ва Омбудсмен оид ба ҳуқуқи инсон нома навиштаанд.
Масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон борҳо тавассути расонаҳо садо додааст. Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд, ки 7 нафараш зан аст.
Дар пайи интиқод аз шиканҷа, Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта ба Тоҷикистон чанд тавсия дод, то вазъро ислоҳ кунад. Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи январи имсол барои иҷрои ин тавсия “Нақшаи миллии амал барои соли 2019-2020”-ро тасвиб кард. Дар сурати иҷро, ин барнома роҳи вакилони мудофеъ ва ҳомиёни ҳуқуқро ба боздоштгоҳу зиндонҳо боз мекунад, аммо маълум нест, то куҷо шиканҷа коҳиш меёбад.