Як афсар дар робита ба марги Умедҷон 2 сол ҳукм гирифт

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон Алишери Абдуқодир, прапоршики қисми марзбонии 03 07 воқеъ дар ноҳияи Ҳамадониро дар иртибот ба марги ҳамхизматаш Умедҷон Ҳасанов муҷрим ва ба мудати 2 сол маҳкум кард. Ин парванда дар авохири моҳи март ба додгоҳ рафта буд ва додгоҳ ҳукми ниҳоии худ дар робита ба ин парвандаро рӯзи 13 апрел содир кард.

Муҷозоти Алишери Абдуқодир тавассути додгоҳ дар ҳолест, ки дар оғоз марги Умедҷон Ҳасановро ба тири қоҷоқбароин афғон рабт дода буданд. Аммо дар пайи эътирози волидайни Умедҷон, додситонӣ айбдор будани Алишери Абдуқодир дар ин қазияро ошкор кард.

Ҳикмат Ҳасанов, падари Умедҷон Ҳасанов 

Ҳикмат Ҳасанов, падари Умедҷон Ҳасанов низ панҷшанбеи 27 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар аввал ӯ бовар кард, ки писараш аз тири қоҷоқбарони афғон кушта шудааст. Аммо ба гуфтаи вай, пас аз талаби пай дар пайи санади додгоҳӣ - тиббӣ аз ҷониби кормандони қисми марзбонӣ вай ба шубҳа афтод. Ин аст, ки ин падар ба Додситонии кулл муроҷиат кард, то ба ин қазия расидагӣ шавад.

"Баъди се рӯзи дафн кардани писарам, кормандони қисми низомӣ омада, аз ман талаб карданд, ки варақи суд-экспретизаро диҳам, аммо ман ин ҳуҷҷатро надодам ба онҳо. Бори дуюм низ барои ин ҳуҷҷат омаданд. Баъди ин дар дили ман шубҳа пайдо шуд, ки чӣ воқеаи дигаре рӯй додааст. Ман ба Додситони кулл муроҷиат кардам ва онҳо маро тавсия доданд, ки ба додситонии гарнизони низомии Душанбе муроҷиат кунам. Аз ҳамон ҷо шикояти ман оғоз шуд",-гуфт Ҳикмат Ҳасанов. Ҳамин тариқ тафтишот муайян кард¸ки Алишери Абдуқодир аз беэҳтиётӣ боис ба марги ҳамхизматаш Умедҷон Ҳасанов шудааст.

Пайвандони Алишери Абдуқодир куштори Умедҷон Ҳасановро тасодуфӣ хонданд. Аммо онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ изҳори назар накарданд. Волидайни Умедҷон Ҳасанов бошанд, аз ҳукми баровардаи додгоҳ розӣ нестанд ва тасмим гирифтанд, ки нисбати ин ҳукм додгоҳ ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят баранд.

Алихон Икромӣ

Алихон Икромӣ, коршиноси судӣ-тиббӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таҷриба нишон медиҳад, ки аксар волидайн бо хулосаҳои аввалӣ иктифо мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Алихон Икромӣ, барои муайян кардани сабаби марги Умедҷон Ҳасанов як моҳ зарур омад, то хулосаи воқеиро ба тафтишот пешниҳод кунанд.

Ӯ мегӯяд, "мо як моҳ зиёд марги Умедҷонро таҳқиқ кардем, чун далелҳои шайъи зиёд ва ин ҳодиса бисёр мураккаб буд, зеро дар аввал ҳамхизматонаш ин ҳодисаро нагуфта буданд. Ҳолатҳои дигар низ ҳаст, ки сарбоз ё афсар дар дигар минтақа мефавтад, ё ба дигар ҳодисаҳо гирифтор шуда, таҳқиқи судиашон дар он тараф гузаронида шудаву ҷасад ба зодгоҳ оварда мешавад, баъдан нофаҳмиҳо оғоз мешавад. Дар он ҳолат хулосаи тиббӣ омода нест, аммо волидайн шикоятро оғоз мекунанд. Баъди шикоятҳо мо волидайнро мефаҳмонем, ки то баромадани дақиқи хулосаи судӣ тоқат кунанд ва баъданд каме онҳо ором мешавад".

Умедҷон Ҳасанов дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.

Аммо бархе аз волидайни сарбозони кушташудаҳо мегӯянд, то онҳо шикоят накунанд, гунаҳкори ҷиноят ошкор карда намешавад. Бо ин ҳам Ҳикмат Ҳасанов даъво дорад, ки ҳарчанд барои ошкор кардани ҷинояти куштори писараш чандин дари ниҳодҳои марбутаро куфт, вале гунаҳгор ҷазои муносиб нагирифт. Аммо ӯ мегӯяд, то ба охир ин қазияро пайгирӣ мекунанад то гунаҳгор ҷазои муносиб бигирад.

Умедҷон Ҳасанови 27-сола пас аз 13 рӯзи хизмат дар таърихи 20-уми октябри соли 2016 дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо вилояти Тахори Афғонистон аз зарби 11 тир кушта шуд. Мақомот дар гузашта хабари марги Умедҷон Ҳасановро тасдиқ карда гуфта буданд, ки ин прапоршики 27-солаи тоҷик зимни муқовимати мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон дар марз кушта шудааст. Аммо таҳқиқи ҳодиса баъдан ошкор кард, ки Умедҷон на аз тири қоҷоқбарон, балки аз тири ҳамхизмати худ низомӣ расидааст.

Куштори Умедҷон Ҳасанов, сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар ҳолест, ки мақомоти марзбонии ин минтақа моҳи январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфта буданд, ки дар 11 моҳи соли 2016 дар ҳудуди ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистон 583 кило маводи мухаддир мусодира карда, 14 қочоқбар ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба хоки Тоҷикистон ва задухӯрди мусаллаҳона нобуд гардидаанд. Зодгоҳи Умедҷон Ҳасанов ноҳияи Ҳамадонӣ бо Афғонистон 150 километр марз дорад ва як роҳи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Тоҷикистон аст.

Ozodi