Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ҳарбии вилояти Хатлон як сарбози қисми марзбониро бо ҷурми куштори ҳамхизматаш ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукм рӯзи 29-уми июл эълон шуд.
Хонаводаи сарбози кушташуда бо қарори суд розӣ нестанд. Онҳо иддао доранд, ки дар марги писарашон ба ҷуз аз ҳамхизматаш афроди дигар низ даст дошта метавонанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Сунатулло Қодиров моҳи апрели соли 2025 ҳангоми хизмат дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бар асари тири яроқи оташфишон кушта шуд. Ба гумони даст доштан дар марги ӯ ҳамхизматаш Асадулло Қурбонов боздошт шудааст.
Сафарбек Раҳимзода, падари сарбози фавтида рӯзи 30-юми июл дар суҳбат бо радио гуфт, онҳо талаб кардаанд, ки парванда барои тафтишоти иловагӣ баргардонида шавад, аммо рад карда шудааст. Вай афзуд, ки пас аз дарёфти нусхаи ҳукми суд ба мақомоти болоӣ шикоят хоҳад бурд.
Талаби аслии хонаводаи сарбози марҳум муайян кардани он аст, ки ба пушти ӯ кӣ тир холӣ кардааст, зеро тахмин мезананд, ки дар марги Сунатулло ба ҷуз аз ҳамхизматаш афроди дигар низ даст дошта метавонанд. Аммо прокуратура мегӯяд, ки Қодиров аз тарафи пеш тир хӯрдааст ва дар марги ӯ танҳо як нафар гунаҳкор аст.
"Сарбози маҳкумшуда дар суд ба гуноҳаш иқрор шуд. Агар воқеан гунаҳкор бошад, бигзор ҷазои сахт бигирад... Тир аз пушт парронда шудааст, аммо тафтишот мегӯяд, ки писари маро аз тарафи пеш паррондаанд. Аз ин рӯ, ман эҳсос мекунам, ки моро гӯл мезананд",- афзуд падари сарбози фавтида.