«Якҷоя барои ҳуқуқи инсон»: бозии зеҳнии “Хитоба оид ба ҳуқуқ”

Рӯзи сешанбе, 10-уми декабр, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар қаҳвахонаи «Паркинг» дар доираи аксияи “Якҷоя барои ҳуқуқи инсон” бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (Human Rights Day) бозии зеҳнии “Хитоба оид ба ҳуқуқ”-ро гузаронид.

Бозӣ аз се давра иборат буд. Дар чорабинӣ даҳ дастаи ҳар кадом 5-6-нафарӣ иштирок карданд. Зиёда аз 70 нафар хонандагони мактаб, донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо ҷамъ омаданд.

«Чунин шакли чорабинӣ миёни ҷавонон хеле машҳур - усули ба тарзи бозӣ донистани чизҳои муҳим аст. Қисман, вақте чорабинии хислати ҳуқуқӣ дошта ба таври лексия мегузарад, ҷавонон на ҳамеша онро зинда, мисли бозии зеҳнӣ қабул мекунанд. Масалан, донишҷӯёни муассисаҳои олии пойтахт аз мулоҳизаҳо оид ба бозӣ илҳом гирифта, қарор доданд, ки оянда низ барои инъикоси чунин масъалаи муҳим, яъне ҳимояи ҳуқуқи инсон танҳо усулҳои аҷоиб фикр кунанд»,- мегӯяд директори ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” Шоира Давлатова.

Дар чорабинӣ иштирокчиёни аввалин Академияи ҳуқуқи ВАО дар Тоҷикистон аз моҳи августи гузашта, коромӯзони ташкилотҳои узви Эътилоф ва дигар шахсон аз ҳисоби ҷавонон иштироки фаъол доштанд. Нахустин бор миёни давраҳои чорабинӣ барои тамоми иштирокчиён хӯроки шом ташкил карда шуд.

Пас аз анҷоми бозии зеҳнӣ 3 дастаи беҳтарин эълон карда шуда, туҳфаҳои хотиравии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистонро ба даст оварданд.

Ҷои якум насиби дастаи “Мафтункунандаҳо” (Дурахшон Раҷабов, Фирӯз Ёгбеков, Азиз Зарипов, Сангин Раҷабов ва Муниса Раҷабова) гардид. Ҳар як узви даста ҳамчун туҳфа пуркунаки қувва (PowerBank) ба даст оварданд. Ҷои дуюмро дастаи «Бле Бле Бле» (Шаҳноза Астапова, Назифа Боймухамедова, Аброр Абдуҳамитов, Рухшона Ҷамолова, Ноҳид Убайдуллоев) ишѓол кард. Ҳар кадоме аз аъзои даста соҳиби ҷузвдон гардиданд. Ҷои сеюм насиби дастаи “Нозанинҳо ва Воҳид” (Бахтиёр Қурбонов, Фаррух Давлатзода, Алена Ким, Таманно Шарипова, Абдувоҳид Нахимов) гардид. Ҳар як узви даста термоистакон ба даст оварданд.

Баъди анҷоми қисми асосии чорабинӣ ташкилкунандагони бозии зеҳнӣ оид ба масоили ҳуқуқӣ пурсиш гузарониданд. Даҳ иштирокчии фаъол ҳам, ки ба саволҳои баранда дуруст ҷавоб гардониданд, соҳиби мукофотҳои хотиравӣ ва туҳфаҳо бо рамзи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гардиданд.

Чорабинӣ дар доираи аксияи «Якҷоя барои ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг, Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаҳои БРСММ оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ, барномаи ҳуқуқии Институти «Ҷамъияти кушода» баргузор гардид.

NoTorture.Tj