Якшанбеи марговар

Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррири адабӣ - Наргис Ҳамробоева) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.

Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа -  26-уми июн омода карда шудааст.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст. 

Якшанбеи марговар

Фирдавс Раҳматови 23-сола, донишҷӯи соли чоруми факултаи телекоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд расо пас аз як моҳи “даъват” шудан ба хизмат вафот кард.

Дар оила маблағи иловагӣ ҳеҷ гоҳ ёфт намешуд, аммо волидон ҳамаи пасандозҳоро барои таълим гирифтани Фирдавс сарф намуданд. Ӯ орзу дошт, ки мутахассис, устои кори худ шавад. Бисёр мехонд ва кӯшиш мекард, ки имтиҳонҳоро бо муваффақият супорад. Вале чанде нагузашта барои Раҳматовҳо мушкили ҷиддӣ вобаста ба маблағ оғоз шуд.

Падари Фирдавс ҷои кори доимӣ надошт. Модараш дар сехи дӯзандагӣ кор мекарду маоши ӯ аз рӯи кори иҷромешуда ва барои ҳамин на ҳамеша муътадил буд. Пешорӯи онҳо хароҷоти зиёд меистод - макони зистро васеъ кардан лозим буд. Зиндагӣ дар хонаи дуҳуҷрагӣ бо ду писари болиғ ва духтарчаи хурд вазнин шуд. Ба замми ин, тавре дар оилаҳои тоҷик одат аст, бештар мавзуи баҳси оиладоршавии писарон ба миён меомад. Фирдавс тасмим гирифт, ки ба шуъбаи ғоибона гузарад ва ба волидонаш кӯмак расонад. Дар лаҳзаҳои фориғ аз таҳсил маблағи хуб кор мекард ва бо тамоми қувва ба оила кӯмак мерасонид.

Соли 2015. “Облава”-и субҳи моҳи май. Чун ҳамеша, Фирдавс бо роҳе, ки ҳар рӯз ба кор мерафт, равон буд. Дар он субҳи моҳи май мардони ношиноси либоси мулкӣ ба бар бошитоб ба пешвозаш омаданд. Расидан замон, ногаҳонӣ аз дастҳои ҷавон дошта, ӯро ҷониби мошин кашола карданд, ки дар канори роҳ қарор дода буданд. Ҳама чиз чунон зуд ба амал омад, ки Фирдавс нафаҳмида монд. Пас аз чанд дақиқа ҷавон аллакай дар комиссариати ҳарбӣ буд. То лаҳзаҳои охир гумон ҳам надошт, ки ӯро ба хизмат мефиристанд, зеро он вақт бародари хурдиаш дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат мекард. Аммо, ҷавонро дигар аз комиссариати ҳарбӣ раҳо накарданд. Тамоми талошҳо ва муроҷиатҳои волидайн ба мақомоти салоҳиятдор беҳуда буданд. 7-уми майи соли 2015 Фирдавс Раҳматов барои хизмат ба қисми низомӣ дар шаҳри Конибодом фиристода шуд.

Дар аввал ҳама хуб буд. Дилором - модари Фирдавс ҳатто хурсанд шуд, вақте барои хабаргирии писараш омаду бинои хубу таъмиршудаи қисми низомиро дид. Боз, писараш хабар дод, ки вақте афсарон аз донишҳои компютериаш огоҳ мешаванд, дарзамон ӯро «котиб» мегузаронанд. Кори бе гарду чанг, дар утоқи тозаву озода. Аммо хурсандии модар дер давом накард. Аллакай замони дуюм бор омаданаш Дилором эҳсос кард, ки чӣ камбудие ҳаст. Овози писараш хирросӣ буд. Баъд аз пурсупоси модар бошад, ӯ иқрор шуд, ки дар хизмат "бобоҳо" наваскаронро латукӯб мекунанд. Аммо сахт хоҳиш кард, ки дар бораи ин ба касе нагӯяд. Фирдавс намехост, ки «буз» хонандаш, зеро чунинҳоро дар ҳеҷ куҷо дӯст намедоранд ва ҳамеша пас аз «хабаркашӣ» ҷазо медиҳанд. Модар қарор дод хомӯш истад, то ба писараш зарар нарасад.

Рӯзҳо мегузаштанд. Дилором фахр мекард, ки ҳарду писараш дар артиш хизмат мекунанд. Аммо писари дуюм - Фирӯз бемор шуду ӯро ба рухсатӣ ба хона ҷавоб доданд, то табобат гирад. Ба Фирдавс низ иҷозат доданд, ки барои як шаб ба назди волидайнаш равад. Он бегоҳ дар оила ид буд. Дилором дар ошхона ҷунбуҷул карда, хӯрокҳои лазизтаринро омода намуд, то ба сарбозҳояш шикамсерӣ ғизо диҳад. Он замон ӯ ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки ин дидори охиринаш бо Фирдавс аст.

«Он бегоҳ ман манту - хӯроки дӯстдоштаи Фирдавсро омода карда будам. Ӯ ҳама мантуи дар лаълӣ бударо хӯрд ва хоҳиш кард, ки боз бардорам. Ман дарк кардам, ки дар хизмат сарбозон ба серӣ хӯрок намехӯранд»,- нақл кард Дилором.

Дар охири моҳи май Фирдавс ба модараш занг зада, гуфт, ки онҳо ба Исфара, ба машқгоҳ мераванд. Аллакай аз машқгоҳ бо телефони кадом як нафар ба модараш хабар дод, ки онҳо баъд аз ду рӯз ба қисми низомӣ бармегарданд.

7-уми июни соли 2015. Якшанбеи марговар. Як моҳ баъд аз он, ки Дилором писари калонии худро ба хизмат гуселонд. Он бегоҳ ба хонаи онҳо меҳмонон омаданд. Дар хона шодӣ, ғавғову хурсандӣ буд. Пас аз рафтани меҳмонон Дилором то поси шаб хонаро тоза карду табақу косаро шуст ва ба оғози ҳафтаи нави корӣ омода мешуд. Ногаҳон ӯ шунид, ки касе ба шавҳараш занг зад. Шавҳараш аввал безобита шуд ва баъд ашкҳо ба рӯяш шориданд. Зан ҳис кард: чӣ ҳодисаи даҳшатборе рух додааст.

“Фирдавси мо мурдааст. Ӯро куштаанд”,- пичиррос зад шавҳар. Сари Дилором аз хабари шунидааш чарх зад, гӯшҳояш садо доданд. Ӯ нафаҳмид, ки чӣ рӯй дода истодааст. Бовар намекард, ки Фирдавсаш мурда бошад, зеро ду рӯз пеш онҳо бо телефон гуфтугӯ карда буданд. Дар ин вақт дари даромад кушода шуд ва кормандони қисми низомӣ ба манзил ҷасади Фирдавсро оварданд. Дар бадани вай захмҳои бурида, чокҳо намоён буданд, ташхис гузаронида шуда буд. Дилором хира-хира шунид, ки касе ба низмиён муроҷиат карда, пурсид: “Бо Фирдавс чӣ рӯй дод?”. “Дар вақти машқи ҳарбӣ аз ҳуш рафт ва дигар ба худ наомад”,- бо боварӣ посух дод ношинос.

Аммо дили модарӣ ба ин суханҳо бовар накард. Тамоми муддат ин ибораи ногувор дар сараш чарх мезад. “Чӣ тавр!? Ҳеҷ гоҳ бемор нашудааст, як моҳ пеш аз муоинаи тиббӣ гузашт. Инҷо чӣ гапе ҳаст”,- андешид Дилором. Чанд рӯз пас натиҷаи ташхиси судӣ-тиббиро эълон карданд: гӯё Фирдавс бемории саръ доштааст ва аз нарасидани ҳаво фавтидааст. Наздикони Фирдавс ба фарзияи расмии ҳодиса бештар шубҳа карданд. Онҳо ба прокуратураи ҳарбӣ муроҷиат карданду парванда кушода ва тафтишот оғоз шуд.

Як моҳи расо оилаи Раҳматовҳо ба мурофиаи судӣ рафтанд. Дар ҳар як мурофиа далелҳои нав ба нав пайдо мешуданд. Дилором гумон ҳам намекард, ки дар дохили қисми ҳарбӣ метавонад ин қадар қонуншиканӣ, зӯроварӣ ва таҳқир вуҷуд дошта бошад. Захми дили ӯ чунон амиқ буд, ки ҳама чиз дар назараш сиёҳ менамуд. Аҳволи Дилором рӯз ба рӯз бадтар мешуд, метарсид, ки то охир рафта наметавонад. Аммо ӯ мақсад дошт - тибқи қонун ҷазо гирифтани гунаҳгорон, то ягон модар дигар дарди ӯро ҳис накунад.

Оилаи Раҳматовҳо ҳақиқати пурраро дар бораи марги писарашон пас аз як моҳ фаҳмиданд. "Маълум мешавад, машқгоҳ барои афсарон - ин макони истироҳат ва сайргоҳ аст. Сарбозон беназорат мемонанд. Афсарон бошанд, ба сарбозони меҳтар иҷозат медиҳанд, ки наваскаронро "адаб" диҳанд. Ва чунин “адабомӯзӣ” бо роҳи таҳқиру зӯроварӣ сурат мегирад. Ман дар ин бора аз қиссаҳои даҳҳо сарбозе фаҳмидам, ки он замон ҳамроҳи Фирдавс дар машқгоҳ будаанд ва аз ҷониби прокурор пурсида шуданд. Ба “бобоҳо” маъқул набуд, ки писари ман пас аз омадан ба қисми низомӣ даррав дар утоқ ба кор сар кард. Онҳо лаҳзаеро интизор буданд, ки қассос бигиранд. Ва “машқ” айни муддао буд. Аз фурсат истифода бурда, се сарбози меҳтар Фирдавсро бераҳмона латукӯб кардаанд. Яке аз онҳо бо қундоқи автомат ба гулӯ ва сандуқи синааш мезанад. Аз зарбаи сахт нафаси писарам мегирад ва ӯ аз ҳуш меравад. Аммо ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ намерасонанд. Интизор мешаванд, ки кай худаш ба ҳуш меояд. Ин ҳама нисфирӯзӣ рӯй додааст. Танҳо пас аз чанд соат ӯро ба беморхона мебаранд. Аммо аллакай дер шуда буд. Ҷисми вай аллакай сард шуда буд”,- нақл кард Дилором.

Авфи афсарон. Баъдтар мурофиаи судӣ доир гашт. Сарбозоне, ки барои расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ гунаҳгор дониста шуда буданд, ҳар кадомашон ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда, афсарон ба муҳлати 2,5 сол ҳукм гирифтанд. Аммо пас аз 3-4 моҳ ҳар се афсар тибқи авф аз ҳабс озод карда шуданд.

“Пас аз фоҷиае, ки ба сари оилаи мо омад, ман боварӣ ба адолат, боварӣ ба адолати судиро гум кардам. Ман дарк кардам, ки низоми фасодзада дорем. Одамоне, ки пули зиёд доранд, метавонанд мушкилотро бо қонун хеле осон ҳал намоянд. Вале одамони одӣ, ба монанди мо, писарони солимро барои хизмат дар артиш мефиристонанду гашта тобути онҳоро мегиранд ё дар ҳолати беҳтар, маъюбу беморро”,-  гуфт Дилором.

… Фирӯз - писари дуюми Дилором хизматро ба охир расонида, ба хона баргашт, аммо баъди аз даст додани бародари калонаш бемор шуд. Ӯ дар хизмат дучори шамолхӯрдагии шадид гардида буд ва зуд-зуд миёну буғумҳояш дард мекунанд. Падари Фирдавс ҷое кор намекунад, баъзан таксӣ меронад. Тамоми оила ба Дилором такя задаанд. Баъди фавти Фирдавс давлат онҳоро бо хонаи якҳуҷрагӣ таъмин намуд. Давоми як соли баъди фоҷиа намояндагони ҳукумат Раҳматовҳоро хабар гирифтанд, маҳсулот кӯмак карданд, аммо баъд онҳоро ба гӯшаи фаромӯшӣ супориданд.

Аз даргузашти писар қариб панҷ сол сипарӣ шуд, аммо то ҳол дили Дилором ором надорад ва ӯро ҳамеша ин суол ба фикр кардан вомедорад, ки чаро афсарон ба зудӣ ба озодӣ баромаданд?!

NoTorture.Tj