Забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат барои чӣ ва аз тарафи кӣ истифода бурда мешавад?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат барои чӣ ва аз тарафи кӣ истифода бурда мешавад?

ПОСУХ: Забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат дар гирифтани уҳдадории хаттӣ аз гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда дар бораи тарк накардани маҳали истиқомати доимӣ ё муваққатӣ бе иҷозати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё суд, судя, монеъ нашудан ба тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ва баррасии он дар суд, дар вақти таъиншуда ҳозир шудан бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ифода меёбад. Мутобиқи моддаи 105-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати аз ҷониби гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда риоя накардани талаботи забонхат дар ҳақи ӯ чораи сахттари пешгирӣ татбиқ карда мешавад, ки ин талабот ҳангоми гирифтани забонхат бояд ба ӯ эълон карда шавад.

Дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳоятон шумо метавонед ба мақомоти дахлдор шикоят кунед ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ баҳри дарёфти ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат намоед.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

 +992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube:   https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj