Зайд Саидов ба 26 соли зиндон маҳкум шуд

Зайд Саидов ба 26 соли зиндон маҳкум шуд

Имрӯз Суди олии ҶТ соҳибкори шинохта Зайд Саидовро ба муҳлати 26 сол маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулкаш маҳкум кард. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо карда, то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад.

Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» ҳимоятгари ӯ Шуҳрат Қудратов иттилоъ дод. Номбурда барои шунидани ҳукми зерҳимояаш ба боздоштгоҳи тафтишотии КДАМ ҳозир гардида буд, ки мурофиаи додгоҳӣ тайи чанд моҳи охир дар он ҷараён дошт.

Ба қавли ҳимоятгар, Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шудааст.

«Аз рӯи дигар моддаҳои пешниҳодшуда суд ҷиҳати тафтишоти дубора таъинот содир намуд, зеро тибқи ин моддаҳо айби Саидов собит карда нашуд», - иброз дошт Қудратов.

Ҳимоятгарон дар рӯзҳои наздик аз болои ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.

Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз ваколатҳои мансабӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор карда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

Азия-Плюс