Зикри вазир аз дастури Президент барои даъвати бе "облава”

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш давоми ду рӯзи аввали моҳи апрел дар ҷумҳурӣ 17 дарсад иҷро гардидааст. 

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, имрӯз 4 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки дар рӯзи нахустини оғози маъракаи даъват, аввалин шуда, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлоли вилояти Суғд ва Дарвоз аз иҷрои пурраи нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ гузориш доданд. 

Ба гуфтаи Маҳмадалиев, то ҳол дар ВМКБ 13 фисади нақша, Суғд 12 фисад, дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 23 фисад, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19 фисад ва дар чор навоҳии пойтахт 12 фоизи нақша иҷро гардид: “Хушбахтона айни ҳол ин маърака дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад”.

Ба гуфтаи манбаъ қабл аз оғози ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ бо иштироки намояндагони тамоми комиссариатҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ҷамъомад доир гардид, ки дар он вазири мудофиа, Шералӣ Мирзо суханронӣ карда, супориши раисҷумҳур дар бораи пешгирӣ аз ҳаргуна қонуншиканиҳо ҳангоми даъвати наваскаронро хотиррасон кардаст. 

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон супориш дод, ки зимни даъвати наваскарон роҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла “облава” истифода нашавад ва маъракаи даъват тариқи фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардад. 

Дар баробари ин тибқи иттилои Фариддун Маҳмадалиев вазири мудофиаи Тоҷикистон супориш додааст, ки дар биноҳои комиссариатҳои ҳарбӣ мавзеҳои махсус омода карда шавад, то шаҳрвандон вобаста ба ин ё он монеаву мушкилот муроҷиат кунанду фавран ҷавоби мушаххас гиранд: “Ин ҳам ба хотири он аст, ки мардум аз дигар гӯшаҳои кишвар сарсону овора ба пойтахт наоянд. Умуман айни ҳол дар давоми ду рӯз ягон шикояту арз аз ҷониби шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст”. 

Аз 1 апрел дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ оғоз гардид.

Озодагон