Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Тадқиқоти журналистӣ дар мавриди шиканҷа нисбати боздоштшудаҳо дар идораҳои милиса.
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои шиканҷа ва марги боздоштшудаҳо на ҳамеша пурра ва самаранок таҳқиқ мешаванд ва омилҳои шиканҷа норӯшан мемонанд. Дар доираи ин тадқиқот мо кӯшиш кардем омилҳои шиканҷа ва беҷазо мондани гунаҳкоронро маълум созем ва роҳҳои ҳали ин мушкилиро аз коршиносон пурсем.
Тадқиқоти журналистӣ нишон дод, ки зӯроварӣ нисбати боздоштшудаҳо дар идораҳои милиса аз сабаби зоҳир нашудани таваҷҷуҳи зарурӣ ба шикоятҳо дар ин маврид идома меёбад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, барои аз байн бурдани шиканҷа мақомот бояд аз таҷрибаи муваффақи кишварҳое ба монанди Гурҷистон истифода баранд. Дар акси ҳол гумонбарон ё шахсони бегуноҳ зери шиканҷа метавонанд гуноҳи нокардаро ба гардан гиранд ва ҳаёти худро паси милаҳои зиндон барбод диҳанд.
“Дигар ба азоб тоқат накарда, маҷбур ба гардан гирифтам”
Саргузашти Ҳасан Ёдгоров як далели раднопазир барои мавҷуд будани шиканҷа дар идораҳои қудратии Тоҷикистон аст.
Ёдгоров моҳи ноябри соли 2017 бо гумони қатли Дмитрий Каримов аз сӯи кормандони ШКД-и шаҳри Турсунзода боздошт шуд. Сабаби боздошт ҳам ин будааст, ки ба телефони мақтул, охирон маротиба Ҳасан Ёдгоров паёмак барои занг задан ё (SOS-сообшения) равон кардааст. Қаҳрамони матлаби мо бо Дмитрий Каримов дар микроноҳияи 2-юми шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекарданд ва Ҳасан мегӯяд барои пайдо кардани манзили иҷора ба телефони Каримов паёмак фиристода буд. Ҳасан Ёдгоровро рӯзи 7-уми ноябри соли 2017 боздошт мекунанд ба гуфтаи худаш, он қадар шиканҷааш карданд, ки маҷбур шуд куштори Дмитрий Каримовро ба гардан гирад.
“Овезон карда, бо мушт задан гирифтанд, баъд ба қувваи барқ монданд. Тоқат карда натавонистам ва барои халосӣ аз ин азоб куштори Дмитрийро ба гардан гирифтам,”- нақл мекунад Ҳасан.
Иқрори Ҳасан дар барномаи телевизионии Вазорати корҳои дохилӣ намоиш дода шуд ва дар он Ёдгоров “ҳолати куштан”-и Дмитрийро Каримовро “нишон медод”. Бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, Ҳасан Ёдгоров бо ин “худиқрорӣ” дар куштор беш аз даҳ сол метавонист зиндонӣ шавад. Агар баъди 6 моҳу 8 рӯз гумонбари асосӣ Леонид Малченков пайдо намешуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди се соли баррасӣ, се корманди пулисро дар шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров гунаҳкор эълон карда, онҳоро аз 10 то 13 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳарчанд се корманди пулис барои шиканҷаи Ҳасан зиндонӣ шуданд, вале сояи он азобҳо дар идораи пулис то ҳол аз болои сари Ёдгоров кам нашудааст. Модараш мегӯяд, Ҳасан баъди он ҳодиса саломатиашро аз даст дод ва то ҳол табобат гирифта истодааст.
“Тарсон шудагӣ аст ва ҳатто аз тақ-тақи дар метарсад,”-мегӯяд модари Ҳасан.
Тадқиқоти журналистии мо, шиканҷа дар идораҳои милиса ё шуъбаҳои корҳои дохилиро фаро гирифт. Албатта хабарҳо аз мавҷудияти шиканҷа дар артиш ва дигар ниҳодҳои қудратӣ ҳам расонаӣ мешаванд. Вале тибқи гузориши Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, беш аз нисфи шикоятҳо аз шиканҷа, асосан аз бахшҳои тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ аст ва мо хостем дақиқ кунем, ки чаро боздоштшудаҳо дар идораҳои милиса мавриди шиканҷа қарор мегиранд.
Тадқиқот рӯшан кард, ки шиканҷа дар идораҳои милиса асосан дар лаҳзаҳои аввали дастгиркунии шахс бо ҳадафи гирифтани худиқрорӣ сурат мегирад. Омӯхтани қариб даҳ қазияи марбут ба шиканҷа ва таҳлили гузоришҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки бадрафторӣ нисбати дастгиршудаҳо дар идораҳои милиса тақрибан дар чунин ҳолат ба амал меояд:
Тибқи моддаи 94-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон, “баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда” шахси масъул бояд давоми 3 соат протоколи дастгиркунӣ тартиб диҳад. Инчунин бар асоси моддаи 95-и ҳамин кодекс аз 72 соат зиёд нигоҳ доштани шахси дастгиршуда дар идораи тафтишотӣ мумкин нест. Баъди сипарӣ шудани ин муҳлат бояд шахс озод карда шавад ё барои ҳабси пешакӣ қарори додгоҳ содир шавад. Тадқиқоти мо нишон дод, ки риоя нашудани ин ду банди Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ роҳро барои шиканҷаи боздоштшудаҳо боз мекунад. Аз ҷумла дар қазияи Файзалӣ Латипов, сокини шаҳри Кӯлоб, ки соли 2018 боздошт шуд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар гузорише навиштааст, Файзалӣ Латиповро беш аз 72 соат дар бинои Раёсати корҳои дохилии Кӯлоб нигоҳ дошта, “на санади дастгиркунӣ ва на дигар санадҳои мурофиавиро тартиб доданд”. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз қавли Файзалӣ менависад, дар ин 72 соати аввал ӯро заданд ва аз обу ғизо ҳам маҳрум карданд, “то номи худро доғдор кунад”, яъне ба “гуноҳаш иқрор шавад.” Мақомот Файзалиро бо моддаи 401 прим 1-и Кодекси ҷиноятӣ (ҷалб ва иштироки ғайриқонунӣ дар ҷангҳои дигар кишварҳо) гунаҳкор карданд. Бибинисо Расулова, модари Файзалӣ ва масъулони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, Файзалиро се рӯз дар бинои РКД-и шаҳри Кӯлоб нигоҳ дошта, санади дастгиркунӣ тартиб доданд, баъдан ба ноҳияи Фархор бурда, дар онҷо иҷозати суд барои татбиқ кардани чораи пешгирӣ дода шуд. Дар ниҳоят иттиҳоми алайҳи Файзалӣ Латипов эълоншуда тасдиқ нашуд ва баъди як солу ду моҳи боздошт, ӯро озод карданд. Наздиконаш баъди озод шудани ӯ дигар мавзӯи шиканҷа шудани ӯро пайгирӣ накарданд.
Нуктаи муҳими дигар, ки боиси пинҳон мондани шиканҷаи дастгиршудаҳо дар идораи милиса мешавад, нишон надодани шахси боздоштшуда ба наздикон ва вакили дифоъ аст. Аз ҷумла Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода мегӯяд, баъди шиканҷа аҳволи ӯ вазнин шуд ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ӯро қабул накарданд. Ба ин хотир то нопадид шудани из ё пайи шиканҷа, ӯро дар бинои ШКД-и шаҳри Турсунзода нигоҳ доштанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳам дар посух ба мо навиштааст, шикояти шаҳрвандон асосан дар бораи “вайрон шудани ҳуқуқҳояшон зимни дастгиркунӣ, аз ҷумла сари вақт тартиб надодани ҳуҷҷатҳои дастгиркунӣ, хабардор накардани хешовандон дар бораи дастгиркунӣ, риоя нашудани ҳуқуқ ба ҳимоя, дар вақти дастгиркунӣ ва таҳқиқи парванда мавриди лату кӯб ва муносибати дағалона қарор додан” аст.
Дар гузоришҳои солонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омадааст, “дастрасӣ надоштани вакили дифоъ ба зерҳимояаш дар соат ва рӯзи аввали боздошт” яке аз мушкилиҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
Кадом намуд шиканҷаҳо истифода мешавад?
Таҳқиқи мо бо такя ба суҳбати шахсони боздоштшуда, наздикони онҳо ва таҳлили гузоришҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон нишон дод, ки дар идораҳои пулис бархе боздошшудаҳо ба шаклҳои зерини шиканҷа рубарӯ мешаванд:
-задан ба қисматҳои гуногуни бадан аз ҷумла бо истифода аз калтаки резинӣ, гузоштани қувваи барқ ба ангуштони дастон тариқи сачоқчаи тар (влажная салфетка), овезон кардани қуттиҳои пластикии бо хок пуркардашуда ба узвҳои ҷинсии мардон, дохил кардан ё халондани сўзан ва мех зери нохунҳо, фишори равонӣ дар шакли таҳқир, таҳдид ба таҷовуз ба номус, дурудароз то 2 шабонарӯз гузоштан дар оби хунук дар фасли сармо, сӯзондани бадан бо сигор ва ғ.
“Вақте ҳолатҳои марги шаҳрвандон то охир таҳқиқ намешаванд”
Хулосаи муҳими тадқиқоти чаҳормоҳаи мо ин буд, ки як сабаби асосии аз байн нарафтани шиканҷаи боздошшудаҳо дар идораҳои милиса, то ба охир тафтиш нашудан ё ғайрисамаранок будани тафтишоти қазияҳои марбут ба шиканҷа ва беҷазо мондани шахсони гунаҳкор аст. Дар дасти мо чандин қазияҳое аст, ки шаҳрвандон баъди чанд соати боздошт аз сӯи кормандони пулис дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфта, вафот кардаанд. Вале тафтиши чунин парвандаҳо то ба охир нарасид ва гунаҳкорон ҳам пайдо нашуданд.
Яке аз ин намунаҳо марги мармузи Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб аст. Абдурасул рӯзи 28-уми марти соли 2018 аз сӯи маъмурони ШКД-2-и ноҳияи Сино бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд. Абдусалом Назаров, бародари Абдурасул мегӯяд, марҳумро соати 21 боздошт карданд ва чаҳор соат пас маъмурони милиса дар ҳолати вазнин ӯро ба беморхона оварданд. Абдурасул баъди ҳафт соати ба беморхона овардан ҷон дод. Ӯ ба ҳуш наомад ва гуфта натавонист, ки дар идораи милиса бо ӯ чӣ кардаанд. Вале наздиконаш мегӯянд, дар бадани Абдурасул осори шиканҷа дида мешуд.
“Вақте 8 рӯз баъди дафн кардан қабрро канда, ҷасадро барои экспертиза берун кардем (эксгуматсия), ҳама ҷой сиёҳ аст. Ҷойҳои задагӣ худаш кабуд мешаванд. Ташхисгарон аз ҳамон ҷойи задагӣ, пуст карда гирифтанд барои ташхис. Аммо ягон чора надиданд,”- гуфт бародари Абдурасул Назаров.
Хонаводаи Назаров ба мо гуфтанд, бо гузашти сеюминим сол аз ҳалокати фоҷеабори ӯ, ягон нафар аз кормандони милиса ба ҷавобгарӣ кашида нашуд ва ин парванда ҳам то охир аз сӯи додситонӣ тафтиш нашуд. Моҳи июни соли 2018 Радиои Озодӣ хабар дод, ки Додситонии шаҳри Душанбе дар робита ба марги Абдурасул Назаров бар асоси моддаи шиканҷа парванда боз кардааст. Вале натиҷаҳои ин парванда ҳамин тавр норӯшан боқӣ монд. Мо бо ирсоли дархостҳои журналистии ҷудогона аз Додситонии кулл ва Додситонии шаҳри Душанбе пурсидем, ки таҳқиқи марги Абдурасул Назаров бо чӣ натиҷа анҷом ёфт. Додситонии шаҳри Душанбе ба мо навишт, “гирифтани ҳамагуна маълумоти вобаста ба арзу хабар дар бораи ҷиноят ва дигар маълумотҳои дорои сирри тафтишотидошта тавассути Прокуратураи генералӣ ба роҳ монда шудааст”. Додситонии кулл бошад ба дархости мо умуман посух надод.
Фавти Умар Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат ҳам яке аз ҳолатҳои монанд ба ин аст. Бобоҷонов рӯзи 29-уми августи соли 2015 аз сӯи маъмурони милисаи шаҳри Ваҳдат боздошт шуд. Масъулин гуфтанд, ӯ дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард, аммо наздиконаш мегӯянд, Умар Бобоҷоновро баъди намоз ба хотири риш доштан дастгир карда буданд. Сабаби боздошт ҳарчӣ буд, Умар Бобоҷонов баъди чанд соати боздошт дар ҳолати вазнин ба Беморхонаи шаҳри Ваҳдат интиқол ёфт.
Аз рӯзи 29-уми август то 4-уми сентябри соли 2015 Умар Бобоҷонов дар зери дастгоҳи нафаскашӣ буд ва рӯзи 4-уми сентябр ҷасадашро ба наздикон доданд. Падари Умар Бобоҷонов гуфт, бо вуҷуди онки дар бадани фарзандаш осори латту кӯб дида мешуд, вале мақомот то ҳол касе аз кормандони пулиси Ваҳдатро барои ин кор ба ҷавобгарӣ накашиданд. Тафтиши марги Умар Бобоҷонов чор маротиба аз нав оғоз шудааст, вале то ҳол ягон натиҷаи дилхоҳ надодааст. Дақиқтараш парвандаи Бобоҷонов давоми шаш сол байни Додситонии Ваҳдат ва Додситонии кулл “рафта омад”, аммо бидуни натиҷа.
Додситонии шаҳри Ваҳдат рӯзи 31-уми августи соли равон дар посухи расмӣ ба мо навишт, “оиди ҳолати ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ба ҳалокат расидани Бобоҷонов Умарҷон бо аломатҳои моддаи 110 қисми 3, банди в (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дода шудааст”.
Дар посухи Додситонии шаҳри Ваҳдат дар бораи натиҷаи ин тафтиш ҳеч чизе гуфта нашудааст, ҳарчанд мо дақиқан пурсида будем, тафтиши парванда “чӣ натиҷа дод?” Вале Додситонии шаҳри Ваҳдат дар посухаш тасдиқ кардааст, ки “пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи қонунгузории мурофиаи ҷиноятии ҶТ боздошта шудааст.” Ин ҳам бидуни ягон шарҳи муфассал, ки чаро тафтиши ҳалокати Умар Бобоҷонов “боздошта шудааст.”
Дар қатори қазияҳои марги Абдурасул Назаров ва Умар Бобоҷонов метавон чандин қазияҳои дигарро мисол овард, ки бо вуҷуди фавти дастгиршудагон баъди боздошт, тафтиши қазияҳои онҳо норӯшан монд. Аз ҷумла марги Хуршед Бобокалонов, сокини шаҳри Душанбе, ки соли 2009 дар маркази Душанбе аз сӯи маъмурони пулис боздошт ва дар роҳ ба идораи милиса ҷон бохт. Бо вуҷуди талошҳои зиёди модари Хуршед ва талаби Кумитаи ҳуқуқи башари СММ парвандаи марги ин сокини Душанбе бенатиҷа монд. Мақомоти сабаби марги ин ҷавонро нафасгир шудан гуфтаанд. Марги мармузи Исмонбой Бобоев ҳам аз қазияҳоест, ки бо гузашти 11 сол то ҳол нокушода боқӣ мондааст.
Масъалаи тафтиш нашудани қазияҳои марбут ба шиканҷа танҳо ин нест, ки чунин ҳолатҳо то ба охир тафтиш ва гунаҳкорон муайян карда намешаванд. Як масъалаи дигар дар ин робита ин аст, ки дар чандин ҳолатҳо, қазияҳои марбут ба шиканҷа на бар асоси моддаи шиканҷа, балки бо дигар моддаҳои Кодекси ҷиноӣ банду баст мешаванд. Тадқиқоти журналистии мо муайян кард, ки вақте қазияҳои шиканҷа на бар асоси моддаи шиканҷа, балки бо дигар моддаҳо аз ҷумла хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ ё латту кӯб банду баст мешаванд, гунаҳкорон ҷазои сабук мегиранд. Як далели ин ҳолат, марги мармузи Меҳриддин Гадозода дар бинои ШКД-и шаҳри Ваҳдат аст.
Меҳриддини 31-сола рӯзи 10-уми апрели соли равон бо гумони дуздӣ барои бозпурсӣ даъват шуд ва бегоҳи он рӯз ҷасадашро ба наздиконаш доданд. Вазорати корҳои дохилӣ дар хабарномае гуфт, Меҳриддин худро аз бинои ШКД-и шаҳри Ваҳдат ба поён партофта, ба ҳалокат расидааст. Вале Файзулло Гадоев, падари Меҳриддин Гадозода мегӯяд, фарзандаш аз шиканҷа вафот кардааст ва дар баданаш изҳои сиёҳ буд. Дар робита ба марги Меҳриддин Гадозода алайҳи як корманди ШКД-и шаҳри Ваҳдат бо моддаи 322-и Кодекси ҷиноӣ (хунукназарӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз карданд. Ҳамин ҳолат соли 2014 дар ноҳияи Вахш рух дода буд. Он вақт Низомиддин Ҳомидов, сокини 27-солаи он ноҳия аз тарафи кормандони милиса боздошт ва баъди як шаби мондан дар боздоштгоҳи пулис ба ҳалокат расид. Мақомот гуфтанд, Низомиддин даст ба худкушӣ задааст, аммо наздиконаш инро қабул накарданд. Додгоҳи ноҳияи Вахш моҳи августи соли 2014 Зайнуддин Назриев, корманди пулиси ноҳияи Вахшро дар хунукназарӣ айбдор ва ӯро 36 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.
Ҳуқуқшинос Салимҷон Сайфуллоев, як масъули Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, бо моддаи 143 иловаи 1-и Кодекси ҷиноӣ ё шиканҷа бандубаст накардани кирдори кормандони мақомот метавонад ба хотири кам нишон додани ҳолатҳои истифодаи шиканҷа бошад. Сабаби дигар ба гуфтаи ҳуқуқшинос, шояд ба хотири сабуктар кардани ҷазои онҳое бошад, ки даст ба шиканҷа мезананд.
Шиканҷа танҳо лату кӯб ва азобу азияти боздошшударо фаро намегирад. Фишори сахти равонӣ ҳангоми бозпурсӣ ҳам яке аз намудҳои дигари шиканҷа аст, ки дар пайи он шаҳрвандон даст ба худкушӣ мезананд. Худкушии Комил Хоҷаназаров, сокини ноҳияи Ашт яке аз чунин намунаҳо мебошад, ки моҳи октябри соли 2017 рух дод. Хоҷаназарови 31-сола пеш аз худкушӣ, дар наворе нақл кард, ки ӯро дар идораи милисаи шаҳри Хуҷанд шиканҷа карда, маҷбуран аз ӯ дар бораи як нафари дигар баёнот гирифтаанд.
Мурод Хоҷаназаров, падари Комил Хоҷаназаров дар суҳбат ба мо гуфт, “писарам ҳар рӯз меомад, ки ман дар ҳаққи як кас зомин шудам, 3 фарзанд дорад. Худашро айбдор ҳис мекард, азоби виҷдон мекашид ки ман нисбати як бегуноҳ баёноти бардуруғ додам,”-мегӯяд падари Комил Хоҷаназаров.
Суҳбати пеш аз марги Комил Хоҷаназаров ба гуфтаи пайвандонаш далели асосӣ шуд, ки додситонӣ алайҳи ду корманди милиса ва як корманди бахши амнияти ноҳияи Ашт бо иттиҳоми шиканҷа парванда боз кунад. Додгоҳи низомии вилояти Суғд, ду корманди милисаи идораи пулис дар вилояти Суғд ва як корманди амнияти ноҳияи Аштро аз 12 то 13 солӣ зиндонӣ кард. Ҳарчанд худи онҳо дар мурофиаҳо шиканҷа кардани Комил Хоҷаназаровро рад карданд.
Аммо дар Тоҷикистон на ҳама мисли Мурод Хоҷаназаров метавонад, омилони марги наздиконашонро ба ҷавобгарӣ кашад. Дар ду ҳодисаи монанд ба қазияи Комил Хоҷаназаров, ки мавриди таҳқиқи мо қарор гирифт, касе ҷазо нагирифт. Ҷолибаш ин аст, ки дар ҳарду ҳодиса, шаҳрвандон баъди бозпурсии як муфаттиш даст ба худкушӣ заданд.
Нахуст Саидамир Сӯфиев, сокини ноҳияи Восеъ рӯзи 30-юми ноябри соли 2017 дар ҳавлии оғилаш худкушӣ кард. Ӯ дар як мактуби пеш аз маргаш, номи Баҳром Ҳикматуллоевро, муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъро оварда навишт, ин муфаттиш мехоҳад як гуноҳи нокардаро ба сари ӯ бор кунад. Саидамир Сӯфиев даҳ моҳ пеш аз маргаш, бо мошин нафареро бо номи Суҳроб Нуров пахш мекунад. Ба гуфтаи наздиконаш, Сӯфиев ин нафарро табобат мекунад, вале баъди чанд моҳ Суҳробро мошини дигар пахш мекунад ва ӯ ба ҳалокат мерасад. Саидамир Сӯфиев дар мактубаш батакрор навиштааст, дар марги Суҳроб даст надорад, аммо муфаттиш Баҳром Ҳикматуллоев ба ӯ фишор меорад, ки гӯё Суҳробро ӯ зада бошад. Наздикони Саидамир Сӯфиев дар суҳбат ба мо гуфтанд, ба ҳама мақомотҳои дахлдор муроҷиат карданд, то муфаттише ки бародарашро бозпурсӣ кард ба ҷавобгарӣ кашида шавад, аммо ҳамаи муроҷиатҳо бенатиҷа монд.
Худкушии боз як сокини дигари ноҳияи Восеъ ба номи муфаттиш Баҳром Ҳикматуллоев рабт мегирад, ки ду сол баъди марги Саидамир Сӯфиев рух дод. Ҷонибек Хӯҷамуродов, донишҷӯйи соли чаҳоруми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба гуфтаи наздиконаш шаби 18 ба 19-уми декабри соли 2019 худкушӣ кард. Талбак Хӯҷамуродов, амаки Ҷонибек мегӯяд, ҷиянашро Баҳром Ҳикматуллоев бо гумони таҷовуз ба номус бозпурсӣ кард.
“Муфаттиш ба Ҷонибек гуфт, ки парвандаат тайёр аст, ба суд месупорам, маҳбас мешавӣ, дар турма таҷовузат мекунанд. Ранги Ҷонибек сап-сафед шуд, гиря кард, ки ба худои болои сар қасам ман накардам.”Наздикони ин донишҷӯ ҳам гуфтанд, бо хешовандони Саидамир Сӯфиев талош карданд, то муфаттише ки ин ду нафарро бозпурсӣ кардааст, барои ба худкушӣ расондан ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Вале ба гуфтаи онҳо, ин корҳо бенатиҷа буд. Мақомот даъвои хонаводаи Ҷонибек Хӯҷамуродовро рад кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ дар посух ба наздикони Ҷонбиек навиштааст, даъвоҳои онҳо “тасдиқи худро наёфтанд.”
Баҳром Ҳикматуллоев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин даъвоҳоро рад кардааст. Талошҳои мо барои суҳбат бо Ҳикматуллоев бенатиҷа буд.
Ҳуқуқшинос: худиқрорӣ ҳамчун далел эътироф нашавад
Як нуктаи муҳими дигар, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ боис шудааст, шиканҷа дар Тоҷикистон боқӣ монад, бекор нашудани нишондодҳои дар зери шиканҷа гирифташуда аст. «Ҳол он, ки дар моддаи 76-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст: ба гуноҳи худ иқрор шудани айбдоршаванда барои гунаҳкор эътироф намудани ӯ асос шуда наметавонад, ба шарте, ки он ба маҷмӯи далелҳои дар парванда ҷамъоварда исбот нашуда бошад,»-қайд мекунад адвокат Абдураҳмон Шарипов.
Масъулини Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба мо гуфтанд, то имрӯз ҳолатеро сабт накардаанд, ки додгоҳҳои кишвар нишондодҳои дар зери шиканҷа гирифташударо беасос дониста бошад. Наздикони бархе боздошшудаҳо ҳам мегӯянд, наздикони онҳо дар зери шиканҷа гуноҳи накардаро бар дӯш гирифтанд, вале вақте дар додгоҳ гуфтанд, ки ин нишондод дар зери шиканҷа аст, додрас инро ба назар нагирифт. Яке аз чунин намунаҳо, қазияҳои зиндонӣ шудани се сокини ноҳияи Ёвон дар соли 2017 аст. Наздикони яке аз ин онҳо Ҷонибек Сайфиддинов ба расонаҳо гуфтанд, фарзанди онҳо дар зери шиканҷа гуноҳро бар дӯш гирифтааст, вале додрас инҳоро ба назар нагирифт. Аммо Зуҳро Забирова, додситонии парванда ё айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳ гуфт, ки гуноҳи ин сокинони Ёвон собит шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳамчун далел қабул шудани нишондоди худиқрорӣ аз сӯи додгоҳҳо боис мешавад, ки шиканҷа ҳангоми бозпурсӣ боқӣ монад. Шоира Давлатова, роҳбари Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон мегӯяд, барои ин масъала бояд “ҳангоми пешбурди то судӣ ё муҳокимаи судии парванда - нишондоди худиқрорӣ ҳамчун далели ғайри қобили қабул ҳисобида шавад.” Ба гуфтаи Давлатова, чунин таҷриба дар Гурҷистон амалӣ шуд, ки ҳоло дар самти мубориза бо шиканҷа ва бадрафторӣ намунаи хуб аст.
Ҳомии ҳуқуқ Гулчеҳра Ашӯрова мегӯяд, чанд омил аз ҷумла надоштани малака ва донишҳои касбӣ барои тафтиши парванда боиси истифодаи шиканҷа нисбати боздоштшудаҳо мешавад. Ба таъкиди Ашӯрова, «омилҳои дигари дар таҷриба истифода бурдани шиканҷа ин системаи кӯҳнаи мақомотҳои қудратӣ, мукофот ва ҷазо барои кушодани ҷиноятҳо, ки ба туфайли он таҳлили муқоисавии кушодани ҷиноятҳо дар давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад. Зеро барои накушодани чиноят ҷазо мегиранд.”
Мавзӯи шиканҷа дар Тоҷикистон нуҳ сол пеш бо марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе доғ шуд. Марги Икромзода масъалаи шиканҷа дар зиндон ва боздоштгоҳҳои Тоҷикистонро сари забонҳо кард ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз мақомот талаб карданд, ки ба ин падида поён диҳад. Ҳамон соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон банди махсуси шиканҷаро ворид карданд.
Аз он сол то ин дам тақрибан ҳар сол расонаҳо аз боздошти чанд нафар аз кормандони мақомоти қудратӣ барои истифода аз шиканҷа хабар медиҳанд. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, солона то 66 шикоят аз шиканҷаро дарёфт мекунад.
Вале мақомот аз ифшои омори парвандаҳо аз рӯи моддаи шиканҷа худдорӣ карданд ва дар ҷараёни тадқиқоти журналистӣ чандин дархостҳои моро нодида гирифтанд. Бахусус Додситонии кулли Тоҷикистон, ки масъули тафтиши қазияҳои шиканҷа аст ба ду дархости журналистии мо посух надод. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам ба суолҳои мо дар бораи онки чаро шиканҷа дар идораҳои пулис боқӣ мондааст ва ин ниҳод барои аз байн бурдани он чӣ корҳоро анҷом дода истодааст, посух надод. Рӯзи 4-уми август зимни нишасти матбуотӣ ҳам натавонистем ба суоламон дар робита ба шиканҷа аз Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ посух гирем. Мо мушаххасан аз вазир пурсидем, ки “чаро шиканҷа дар ниҳодҳои зертобеи вазорат аз байн намеравад?” Аммо Рамазон Раҳимзода ба ҷойи посухи мушаххас бо мо вориди баҳс шуд, ки “кӣ шиканҷа кардааст, номашро бигӯед.”
Тадқиқоти журналистии мо муайян кард, ки барои аз байн бурдани шиканҷа дар Тоҷикистон бахусус дар идораҳои пулис бояд ин корҳо анҷом дода шаванд:
-талаботи қонунгузорӣ барои боздоштшудаҳо дар лаҳзаи аввал бояд пурра риоя шавад. Аз ҷумла санади дастгиркунӣ бояд саривақт тартиб дода шуда, боздоштшуда аз лаҳзаи аввал бо вакили дифоъ таъмин бошад ва бозпурсиҳо дар ҳузури адвокат сурат гиранд.
-муоинаи шахси дастгиршуда пеш аз ҷойгир кардан ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) бояд ҷиддӣ гузаронда шавад ва ин кор танҳо бо як нигоҳ кардан ба бадани шахси дастгиршуда маҳдуд нашавад. Яъне ҳатто агар дар бадани шахси дастгиршуда ягон изи сиёҳӣ аз шиканҷа набошаду худи ӯ аз дарди узвҳои дарунӣ шикоят кунад, бояд ӯ аз ташхиси компютерӣ гузаронда шавад. Чун шиканҷа метавонад зарба задан ба узвҳои дарунӣ бошад ва аз берун ягон нишонае боқӣ нагузорад.
-арзу шикоятҳо аз шиканҷа бояд аз сӯи додситон ва додгоҳҳои кишвар ҷиддӣ баррасӣ шаванд. -худиқрорӣ ҳамчун далел эътироф нашавад. Балки мақомоти тафтишотӣ аз роҳи касбӣ далелҳоро ҷамъ оварда, содир шудани ҷиноятро собит кунанд.
-боло бурдани сатҳи касбияти кормандони бахшҳои кофтукоби ҷиноӣ ва дар умум онҳое, ки ба дастгиру бозпурсӣ кардани афроди муттаҳам сарукор доранд.
-нуктаи аз ҳама асосӣ, тафтиши ҳаматарафа, пурра ва самараноки қазияҳои марбут ба шиканҷа аст. Ҷазои сахт барои онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, метавонад дигар кормандони ниҳодҳои тафтишотиро аз ин кор боздорад.
Ҳомиёни ҳуқуқ таъкид мекунанд, ки агар чораҳои болозикр риоя шаванд, заминаи шиканҷаи боздошудаҳо аз байн меравад. Ва шахсони бегуноҳе ба мисли Ҳасан Ёдгоров маҷбур намешаванд, ки дар зери шиканҷа гуноҳи накардаро ба гардан гиранд.
Мавод дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Анҷумани милли ВАО-и мустақили Тоҷикистон омода шудааст.