Article Pages

Парвизи 18-сола орзу дошт, ки курсанти Академияи ВКД Тоҷикистон шавад ва дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мактаби миёнаро хатм кард. Ҷавонак қадаки на он қадар баланд дошт ва барои амалӣ гаштани орзуяш чанд сантиметр намерасид. «Эҳ, модар, ман ба хизмат меравам. Ана, мебинӣ, ду сол зуд мегузарад, вале шояд дар ин муддат «соҳиби қади баланд» мешавам ва аз нав кўшиши...

04.06.2021 - 15:16

Ин зани либоси мотамӣ ба бар аллакай як сол пеш писари калониашро гўронида буд, аммо ҳар саҳар ба назараш чунин менамояд, ки ҳамин ҳоло дарвоза кушода мешаваду ў медарояд, зебову ҷавон, бо нидои «Бува, ман омадам!» (Модар, ман баргаштам!). Баъзан ў дар хобаш медарояд, боз ҳамон суханҳоро такрор мекунад: «Ман баргаштам, ана ман!». Ў писарашро ба оғўш мекашаду мебўсад, гармии дастонашро эҳсос...

03.06.2021 - 16:23

Моҳи сентябри соли 2012 қариб тамоми воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар бораи марги даҳшатноки маҳбуси 27 - сола Ҳамзаалӣ Икромзода хабар доданд. Дар маводҳои журналистикӣ аксҳои Ҳамзаалӣ Икромзода замима гардида буданд, ки дар онҳо захму ҷароҳатҳои зиёде мешуд, ва дар яке аз ин аксҳо ба таври возеҳ пайи дарзмоли электрикӣ ба мушоҳида мерасид. Қисми зиёди ҳамкоронамон изҳор намуданд...

02.06.2021 - 17:04

19 феврали соли 2010. Издиҳоми (гурӯҳи) мардон, сарфи назар аз рӯзи хунук барои адои намози ҷумъа ба сӯи масҷиди асосии шаҳри Исфара мешитофтанд. Ба ин сӯ Исмонбой Бобоеви 30- сола низ, ки як ҳафта пеш аз Федератсияи Россия ба аёдати падару модараш омада буд, аз хона мешитофт. Ӯ шахси диндор буд ва доимо дар ҳама ҷо ба намози ҷумъа мерафт – ҳам дар Москва, ки ӯ бо амри тақдир ба он ҷо рафта буд,...

01.06.2021 - 16:54

Ҳар сол якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳимояи кўдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумори чунин кишварҳост. Ба ин муносибат, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кулли насли ояндаи кишварро ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳимояи кўдакон табрику таҳният мегўяд!  Бигзор ҳар як кӯдак дӯст дошта ва хушбахт бошад, муҳаббат ва...

01.06.2021 - 13:28

Мониторинг[1]: ҳамроҳ шудан ба Протоколи факултативӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар...

01.06.2021 - 10:41

"Аз таъсири шиканҷаи кормандони милиса то ҳанӯз азият мекашаму ниёз ба табобат дорам. Барои ба гардан гирифтани гуноҳи накарда маро боздошту сахт шиканҷа карданд, ҳатто дар баданам барқ гузоштанд, ки дигар тоб наовардам...". Ин нуктаро Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода, ки бо айби даст доштан дар шиканҷаи ӯ се корманди милиса боздошту дар додгоҳ муҳокима мешаванд, иброз дошт. Ҳасан...

31.05.2021 - 17:40

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои кормандони системаи пенитенсиарии кишвар тренингҳои навбатиро гузаронид. Ин навбат тренингҳо аз силсилаи «Хусусиятҳои нигоҳдорӣ ва дастгирии равонии маҳбусон тибқи стандартҳои милливу байналмилалӣ (Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи зидди шиканҷа,...

31.05.2021 - 17:35

Моҳи марти соли 2009 Дилшодбек Муродови 46-сола бо ҳукми  суд барои мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъа айбдор дониста     шуда, ба муҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ҳисобкунии солҳои дуру дарози умр дар маҳбас оғоз гардид. Дар ин ҷо ҳама чиз тибқи тартиботи қатъӣ ва равиши худ ҷараён дошт. Он гоҳ Дилшодбек дарк намуд, ки озодӣ - дар руйхати арзишҳо, вақе ки...

31.05.2021 - 16:40

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! #ЯзаИскоренениеПыток! #IamForTheEliminationofTorture!  30-юми майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола санаи 26-уми июн қайд карда мешавад, мусобиқаи мубоҳисавии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» баргузор гардид. Ба андешаи ташкилкунандагон, чорабинӣ бояд...

31.05.2021 - 15:54

Страницы