Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар чорчӯбаи маъракаи 30-рӯзаи “Ҳуқуқ! Шаъну шараф! Рушд!” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, 13 ноябр дар давоми як соат дар пахши мустақими радиои Asia-plus барномаи “Come back show” дар барандагии Баха Низирбаев ва Даря Христолюбова баргузор гардид, ки дар рафти он викторина ва онлайн машваратҳо гузаронида шуданд.
Дар аввали барнома маводи аудиоӣ оиди ҳуқуқи инсон пахш шуд ва баъд аз он ҳуқуқшиносони ташкилотҳои аъзои Эътилоф зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон – Сайфуллоев Салим, Уроқов Зафар, Шозодаева Гулгуна ва Хисомов Далер оиди Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон сухан ронда ба саволҳои шунавандагон посух гуфтанд. Дар охири барнома викторина гузаронида шуд ва ғолибоне, ки ба саволҳо дуруст посух доданд, сазовори ин ҷоизаҳо гаштанд: финҷони қаҳванӯшии(термокружка) Rondell Infinity RDS – 923, дарзмоли Maxwell MW – 3039, мӯхушккунаки Grundig HD 2509, тарозуи электронии Maxwell MW – 2666, тарозуи электронии Maxwell MW – 2667.
Мақсади маърака баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, огоҳкунӣ ва санҷиши донишҳо оиди ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ташкилкунандагон умедворанд, ки дар натиҷаи ин маърака огоҳӣ ва майли шаҳрвандон ба риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ меафзояд.
Гузаронидани маърака бо дастгирии молиявии Барномаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ”-и БРСММ имконпазир гардид.