Тавсияҳои муваққатии СҶТ барои ҳифзи ҳуқуқҳои маҳбусон

Дар давраи пандемияи КОВИД-19, ки мардуми дунёро ба ташвиш овард, аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ин замони ҳассос як қатор тавсияҳои муваққатӣ ироа гардиданд.

СҶТ дар тавсияҳои муваққатии худ аз нимаи моҳи марти соли 2020 чандин принсипҳои вокуниши матлуби тиббӣ ва таъмини шароитҳои бехатар, эътимодбахш ва инсондӯстонаи нигоҳдорӣ таҳти ҳабсро пешкаш намудааст. Аз ҷумла, гуфта шудааст:

- фароҳам овардани кумаки тиббӣ ба касоне, ки дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, вазифаи давлат аст;

- касоне, ки дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои ҳабсшавӣ нигоҳ дошта мешаванд, бояд ба ҳама хизматрасониҳои тиббӣ, бидуни табъиз дар асоси мақоми ҳуқуқии онҳо дастрасӣ дошта бошанд;

- баҳри таъмини баэътиборгирии ҷанбаҳои гендерӣ ҳангоми баррасии чораҳои фавқулоддаи вокуниш ба паҳншавии COVID-19 дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ таҳти ҳабс бояд чораҳои лозима дида шаванд;

- муассисаҳои пенитенсиарӣ (адои ҷазо) бояд риояи ҳуқуқҳои инсонро нисбати шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, таъмин намоянд.

СҶТ ҳамчунин дар боби баррасии масъалаи маҳдуд намудани дастрасӣ ва ҳаракат зикр намудааст: «Арзёбии ҳар ҳолат ва шароитҳоро бояд кормандони маҳбас дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии тандурустӣ анҷом диҳанд. Дар асоси натиҷаҳои арзёбӣ роҷеъ ба масъалаҳои идоркунии ҳайати кормандон ё шахсоне, ки дар маҳбас ё ҷойҳои ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, машваратҳо пешкаш мегарданд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти тандурустӣ бояд масъалаи қатъи муваққатии боздидҳо аз маҳбас дар мутобиқат бо арзёбии хавфҳо дар маҳалҳо дақиқкорона баррасӣ шаванд. Чораҳои мазкур бояд ҳамчунин чораҳоро оид ба коҳишдиҳии оқибатҳои номусоид дар бар гиранд, ки метавонанд ба маҳбусон таъсир расонанд. Оқибатҳои хоса ва номутаносибро барои гуруҳҳои гуногуни маҳбусон, ҳамчунин кӯдакон, ки ҳамроҳи волидони худ дар муассисаҳои пенитенсиарӣ зиндагӣ мекунанд, ба назар гирифтан лозим аст. Ғайр аз ин, чораҳо оид ба маҳдуд кардани ҳаракати одамон ба ҷойҳои нигоҳдорӣ таҳти ҳабс ва аз онҳо, аз ҷумла маҳдуд кардани ҳаракат дар чорчӯбаи ҳамон як низоми пенитенсиарӣ, инчунин маҳдуднамоии дастрасӣ ба ҳайати кормандони ғайриасосӣ ва меҳмонон, дар асоси баҳодиҳии муносиб ба хавфҳо, бояд дақиқкорона баррасӣ карда шаванд, зеро чунин маҳдудиятҳо ба амали низоми нигоҳдорӣ таҳти ҳабс таъсири васеътар хоҳанд расонид».

- Дар як қатор ҳолатҳо ин гуна чораҳо метавонанд маҳдуд намудани мулоқотҳо бо наздикон, кам кардани теъдоди боздидкунандагон ва/ё давомнокии боздидҳо, ҳамчунин басомади боздидҳоро фаро гиранд. Дар ин ҳангом бояд чораҳои алтернативӣ барои таъмини тамос бо оила ё адвокатҳо (масалан, видеоконфронсҳо ба воситаи Скайп) ҷорӣ карда шаванд,- афзудааст СҶТ.

NoTorture.Tj