Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Раиси Суди Олии Тоҷикистон мегӯяд, ки парвандаҳо вобаста ба шиканҷа дар кишвар кам шудааст.
Бино ба қавли Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ, дар соли гузашта дар маҷмӯъ 23 парванда нисбат ба 23 нафар дар мавриди шиканҷа ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2011 ин нишондод 15 парванда кам аст.
Нусратулло Абдуллоев дар ҳоле парвандаҳои марбут ба шиканҷаро дар қиёс бо соли 2011 кам арзёбӣ мекунад, ки дар чанд моҳи ахир арзу шикоятҳои шаҳрвандон, хусусан, волидайни бархе аз маҳбусон роҷеъ ба шиканҷаи фарзандонашон дар маҳбасхонаҳо зиёд ба назар мерасид.
Ҳамзамон раиси Суди Олӣ афзоиши арзу шикоятҳои шаҳрвандонро як амали мусбат хонд ва таъкид намуд, ки ин аз боло рафтани донишҳои ҳуқуқии онҳо дарак медиҳад. Бояд зикр кард, ки шикоятҳои мардум ба додгоҳҳо дар соли 2012 нисбат ба соли 2011 ҳашт дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба қавли номбурда, дар соли 2012 тақрибан 2 ҳазору 678 парванда баррасӣ шудааст, ки 1 ҳазору 188 ададаш ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, 361-тои дигар дар заминаи муноқишаҳои хонаводагӣ ва 670 парванда ба амалҳои ҷиноятӣ тааллуқ доранд.