Бозпурсӣ ва ҳуқуқи инсон: марзи қобили қабул куҷост?

Бозпурсӣ дар системаи амалиёти тафтишотӣ мавқеи марказиро ишғол мекунад ва дар муқаррар намудани ҳақиқат дар парвандаи ҷиноятӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Ҳамзамон, маҳз дар ҳамин марҳила масъалаи риояи ҳуқуқи инсон махсусан шадид ба миён меояд. Марзи байни амалҳои қонунии тафтишотӣ ва фишори номақбул аҳамияти муҳим дорад ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он посухи возеҳу якмаъно медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии ҳамаи амалҳои тафтишотӣ аст. Мувофиқи моддаи 18, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсон дахлнопазиранд. Ин маънои онро дорад, ки на вазнинии ҷинояти содиршуда ва на дигар ҳолатҳо наметавонанд барои сафед кардани муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф хизмат расонанд.

Манъи мутлақи шиканҷа мавқеи махсусро ишғол мекунад. Мувофиқи моддаи 143¹ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиканҷа ҳамчун расонидани ранҷу азоби ҷисмонӣ ё рӯҳӣ бо мақсади ба даст овардани нишондод ё дигар маълумот муайян карда мешавад. Дилхоҳ далелҳое, ки бо истифода аз фишор, таҳдид ё шантаж ба даст оварда шудаанд, мутобиқи моддаи 88¹ Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили қабул ҳисобида мешаванд ва қувваи қонунӣ надоранд. Манъи шиканҷа мутлақ аст ва дар ҳеҷ сурат маҳдуд карда намешавад.

Марзи иҷозатшуда инчунин дар танзими возеҳи мурофиавии тартиби бозпурсӣ инъикос ёфтааст. Қонун муҳлатҳоеро муқаррар мекунад, ки ба пешгирии хастагии ҷисмонӣ ва равонии шахси бозпурсишаванда равона гардидаанд. Давомнокии муттасили бозпурсӣ набояд аз чор соат зиёд бошад ва пас аз он бояд на камтар аз як соат танаффус дода шавад. Давомнокии умумии бозпурсӣ дар давоми як шабонарӯз то ҳашт соат маҳдуд аст (моддаи 199-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ғайр аз ин, гузаронидани бозпурсӣ шабона - аз соати 22:00 то 6:00 манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои фаврӣ (моддаи 171-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Маҳдудиятҳои зикршуда кафолати муҳими пешгирии шаклҳои пӯшидаи фишор ба шумор мераванд.

Қисми муҳими таъмини қонунияти бозпурсӣ ҳуқуқ ба хомӯш мондан ва ҳуқуқ ба ҳимоя ба шумор меравад. Ҳеҷ кас уҳдадор нест, ки бар зидди худ ё хешовандони наздикаш шоҳидӣ диҳад. Мувофиқи моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошти воқеӣ ҳуқуқ ба адвокат дорад. Мақомоти тафтишотӣ вазифадоранд, ки имконияти воқеии татбиқи ин ҳуқуқро таъмин намоянд. Набудани ҳимоятгар ё монеъ шудан ба иштироки ӯ қонунияти нишондоди гирифташударо зери шубҳа мегузорад.

Қонунгузорӣ кафолатҳои иловагиро ҳангоми бозпурсии ноболиғон пешбинӣ мекунад. Чунин амалҳои тафтишотӣ бо иштироки ҳатмии омӯзгор, равоншинос ё намояндагони қонунӣ гузаронида мешаванд. Дар ин сурат муҳлати бозпурсӣ бо назардошти синну сол ва хусусиятҳои равонии кӯдак кӯтоҳ карда мешавад (моддаи 203-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҳамин тариқ, марзи иҷозатшуда ҳангоми бозпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на мафҳуми абстрактӣ, балки системаи меъёрҳои ҳуқуқии ба таври возеҳ муқарраршуда мебошад. Он дар манъи мутлақи шиканҷа, танзими қатъии давомнокӣ ва шартҳои бозпурсӣ, таъмини ҳуқуқ ба ҳимоя ва риояи принсипи эҳтиром ба шаъну шарафи инсон ифода меёбад. Нақзи ин талабот боиси ғайри қобили қабул эътироф шудани далелҳои бадастовардашуда гардида, асосҳои адолатро халалдор месозад.

Донистани ҳуқуқҳои худ ва ҳимояи саривақтии онҳо шарти муҳими таъмини волоияти қонун боқӣ мемонад.

NotortureTj