Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Субҳи имрӯз, 20-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатии Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлия (СИЗО №1)-и шаҳри Душанбе баррасии парвандаи марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-сола, ки тирамоҳи соли гузашта вафот карда буд, оғоз гардид.
Мурофиа дар бинои боздоштгоҳ, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт воқеъ аст, соати 10 сар шуда, бо иштироки ду вакили дифоъ - Гулчеҳра Холматова, Файзи Олим ва ҷабрдидаҳо - волидайни марҳум - Файзалӣ Икромов ва Зулайхо Ҷӯраева бидуни иштироки ВАО оғоз гардид.
Рустам Мирзоев, судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки раисикунандаи мурофиа мебошад, иҷозаи иштироки журналистони расонаҳои ватанӣ ва хориҷиро, ки барои инъикоси мурофиа ҳозир шуда буданд, боз ҳам ба роҳбарияти СИЗО ҳавола карда, иҷозат ба вурудро надод ва аз журналистон номаи расмии Сарраёсати иҷрои ҷазоро талаб кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки 15-уми май падару модар ва наздикони Ҳамза Икромзода аз иштирок дар баррасии парвандаи писарашон дар муассисаи ҳабси пешакӣ бидуни рӯзноманигорон даст кашиданд ва бо ҳамин сабаб мурофиа то 20-уми май ба таъхир гузошта шуд.
Пайвандони марҳум сабаби роҳ надодани журналистонро дар нокомилии тафтишот ва маслиҳати пешакии мақомот медонанд, ки ба мувофиқа расидаанд. Амир Икромзода - бародари марҳуми кушташуда - мегӯяд: "Аз хешовандони гумонбаршуда ба мо маълум шуд, ки мақомот бо маслиҳат гуноҳи чанд ҷинояткорро бар дӯши як тан вогузор карданианд. Аз ин рӯ, иштироки рӯзноманигоронро бо роҳи сунъӣ манъ карданд".
Ёдовар мешавем, ки маҳбус Ҳамза Икромзода, сокини 28-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, шоми 20-уми сентябр бар асари шиканҷа дар СИЗО-и пойтахт ба ҳалокат расида буд. Ба гуфти бародари ӯ, масъулини маҳбас аз бародари Ҳамза Икромзода, чанд рӯз пеш аз маргаш, барои аз изолятори ҷаримавӣ берун кардан аз ӯ 2 ҳазор доллари ИМА талаб кардаанд.
Хонаводаи Ҳамза Икромзода унвонии Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии МО ҶТ, Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ ва чандин вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат карда, хостори баррасии мунсифонаи қазияи марги фарзандашон шуда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, ҳам ба Прокуратураи генералӣ дастур дода буд, то ин парванда аз нав таҳқиқ шавад ва омилҳои марги маҳбус ошкор гарданд.
Бо вуҷуди он ки аз марги Ҳамза Икромзода ҳашт моҳ сипарӣ мешавад, аммо то ҳол омилони марги вай ошкор нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон марги Ҳамзаро "худкушӣ" унвон кардаанду прокурори генералӣ Шерхон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта, ки дар марги Ҳамза Икромзода се нафар кормандони маҳбас муттаҳам дониста мешаванд.