Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Созмони Афви байналмилал (Amnesty International) бо пахши як изҳорот аз шеваи боздошт ва нигаҳдошти Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, изҳорои нигаронӣ кардааст.
Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ки "Умедҷон Тоҷиев аз 30-юми октябри соли ҷорӣ то ба инҷониб дар боздоштгоҳ ба сар мебарад ва наздикону пайвандонаш иммкони рӯ ба рӯ шудан бо ӯро надоранд".
Хешовандони боздоштшуда мегӯянд, "Умедҷон дар боздоштгоҳ мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтааст. Бо вакилони мудофиаи худ хеле кам вомехӯрад ва барояш кӯмаки тиббии лозим расонда намешавад".
Айни замон Юсуф Дониёров, адвокати Умедҷон Тоҷиев, барои ба беморхона интиқол додани зерҳимояаш ба муфаттиш дархост равон намудааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Умедҷон Тоҷиев 30-юми октябри соли ҷорӣ ба Шӯъбаи 1-и ВКД дар ин шаҳр бо сабаби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия) дастрас шуда будааст: "Тоҷиев Умедҷон Исломович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дар таърихи 30 октябри соли 2013 ба Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне «итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд», дастрас ва бо қарори Суди шаҳри Исфара ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин гардид".
Нисбат ба Умедҷон Тоҷиев 2-юми ноябри соли 2013 дар асоси нишондоди Иброҳимов З. ва Шодиев Ғ., ки қаблан дастгир шудаанд ва инчунин, тибқи иқрори худаш, аз тарафи Прокуратураи шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 187 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)) оғоз карда шуд.
ВКД хабар дода буд, ки "баъди анҷоми пурсиш Тоҷиев У. И., бо мақсади фирор намудан, аз ошёнаи сеюми бинои Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён меҷаҳад, ки дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардоша, барои ёрии таъҷилии тиббӣ расонидан, аз тарафи кормандони милитсия ба беморхона дастрас карда мешавад".
Он вақт мақомоти корҳои дохилӣ эълон доштанд, ки "Умедҷон Тоҷиев, бо мақсади фирор намудан, аз ошёнаи сеюми бинои Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён ҷаҳида, дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардоштааст".
Аммо Юсуф Дониёров, адвокати Умедҷон Тоҷиев, ки баъди 10 рӯз тавонист, ки бо зерҳимояш мулоқот намояд, пас аз мулоқот гуфта буд, ки "зерҳимояаш бо ду пойи шикаста дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад".
Бино ба иттилои адвокат, "дар ин вохӯрӣ, ки ҳудуди 40 дақиқа идома кардааст, Умедҷон Тоҷиев гуфтааст: "Ба айби нисбаташ эълоншуда розӣ нест, худро бегуноҳ меҳисобад".
"Ба ӯ таҳдид кардаанд, ки хоҳад, нахоҳад, гуноҳро (ташкили гурӯҳи ҷиноӣ) ба гардан хоҳад гирифт. Мо бо ҳамроҳи Тоҷиев қариб 40 дақиқа сӯҳбат кардем. Ҳар ду пояш шикастааст. Иттилое, ки гӯё танҳо як пойи чапаш шикаста бошад, дурӯғ аст, ҳар ду пояш шикастагӣ аст. Ӯро ба воситаи барқ азият додаанд".
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо мақсади мулоқот бо Умедҷон Тоҷиев ба Шимоли кишвар рафта буд, бино ба сабаби бемор будани роҳбари СИЗО-и шаҳри Хуҷанд, иҷозат надодаанд, ки бо Тоҷиев вохӯрад.