Ҳусайнӣ дар бораи марги Умедҷон Тоҷиев ва мушкили марз

Ҳусайнӣ дар бораи марги Умедҷон Тоҷиев ва мушкили марз

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, ки тайи як сафар дар Хуҷанду Исфара ва Мастчоҳ қарор дошт, гуфт, то ҳол хулосаи табибон дар бораи марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ҲНИТ-ро дастрас накардаанд. Оқои Ҳусайнӣ ин ҳарфҳоро дар нишасти хабарии 24 январ дар қароргоҳи ҳизбаш дар Душанбе баён дошт.

Муовини раиси ҲНИТ гуфт, мунтазири он нишастаанд, то бубинанд, ки мақомот барои онҳо дар бораи марги Умедҷон Тоҷиев чӣ хоҳанд гуфт ва баъдан тасмимашонро эълон хоҳанд кард. “Натиҷаи ташхиси тиббӣ то ҳол дастрас нашудааст. Агар ҷавоби расмии бардурӯғ диҳанд, мо нафаре дорем, ки воқеиятро ошкор хоҳад кард. Дар сурати номувофиқ будани ҷавоб ҳатман шикоят хоҳем бурд, аммо натанҳо ба мақомот тоҷик, балки берун аз он”, - афзуд ӯ.

Сайидумар Ҳусайнӣ дар нишасти хабарии худ ба ин масъала ки гӯиё Умедҷон Тоҷиев бар асари бемории шуш фавтидааст, низ дахл кард. Ӯ гуфт, “воқеан, баъд аз истифодаи барқи зиёд дилу шушаш зарб хӯрда, зиён дидааст. Дар сурати ба мо пешниҳод кардани натиҷаи ташхиси номувофиқ мо шикоят хоҳем бурд.” Умедҷон Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, аммо пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январи соли ҷорӣ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд ҷон додааст. Вай ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз СИЗО ба бемористон интиқол ёфта буд.

Муовини раиси ҲНИТ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ҳангоме ки дар Исфара қарор доштанд, ба назди марзбонҳои тоҷик дар маҳалли Хоҷаи Аъло рафта, бо онҳо сӯҳбат ва кумаки аъзои ҳизбро барояшон дастрас кардаанд. Ӯ афзуд, “бо бародарони тоҷик суҳбат кардем. Назди марзбонони қирғиз нарафтем, чун дуртар буданд. Ба мо таваҷҷуҳ карданд, чун то имрӯз мақомоти воломақоми кишвар барои суҳбат бо марзбонон нарафта буд”.

Ба нақли Сайидумар Ҳусайнӣ, марзбонҳои тоҷик аз он шиква кардаанд, ки ҷониби Душанбе, бахусус парлумон, дар масъалаи марз хомӯшӣ ихтиёр кардааст, дар ҳоле ки марзбонҳои Қирғизистон пайваста тамрин мекунанд ва сокинони наздимарзияшонро берунтар бурдаанд. “Мардуми Чоркӯҳ нигаронанд, ки оқибат чӣ мешавад инҷо. Асли кор дар ин аст ки масъала як миқдор ташаннуҷ дорад ва таҳдидовар аст. Ба ҳар сурат, ман тарафдори он нестам, ки мардумро ноором кунем. Вақте ҳукумат дид, ки вазъият чӣ гуна аст, ноором аст ва мардумро бояд бикашад. Аз нерӯҳои худ истифода кунад”, - илова кард ӯ.

Озодагон