Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
10 феврали соли 2014 Вазири корҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Маърӯзачии вежаи СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазоҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид, масъалаҳои татбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи тавсияҳои Гузоришгари вежа ҷиҳати пешгирии шиканҷа ва ҳамроҳшавии кишвар ба дигар абзорҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳокима шуданд.
Дар мулоқот инчунин мубодилаи созандаи афкор доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои СММ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили қонунгузории миллӣ ва таҷриба дар пешгирии шиканҷа ҷой дошт.