Раҳоии 3300 маҳбус аз зиндонҳои Тоҷикистон (чандрасонаӣ)

Раҳоии 3300 маҳбус аз зиндонҳои Тоҷикистон (чандрасонаӣ)

Дар Тоҷикистон то кунун ҳудуди 3 ҳазору 300 маҳбус дар доираи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз ҳабсхонаҳо ва муассисаҳои маҳали сукунат озод карда шудааст.

Тавре аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ иттилоъ доданд, раванди озод кардани маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбӣ буда, ҳамакнун марҳилаи коҳиши муҳлати ҷазои зиндониён оғоз меёбад. Ба иттилои ин манбаъ, дар маҷмӯъ ҳудуди 3 ҳазору 500 маҳбус бояд аз зиндонҳо озод карда шаванд. Аз ин шумор 220 нафар занон ва 140 тани дигар ноболиғон мебошанд.

Инфографикаи "Авф - 2014"

Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» рӯзи 29-уми октябр аз сӯйи парлумони кишвар ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Нахустин гурӯҳи зиндониён дар доираи ин қонун рӯзи 3-юми ноябр аз маҳбасҳои Тоҷикистон ба озодӣ баромаданд. Аввалин афроди озодшуда занону ноболиғон буданд. Рӯзи дигар 325 нафар аз муассисаи ислоҳии №6-и ноҳияи Ёвон раҳо шуданд. Паси дари ҳабсхона собиқ зиндониёнро наздикону пайвандонашон мунтазир буданд.

Мироншоҳ Қарчиев яке аз садҳо нафаре буд, ки сарфи назар аз пиронсолӣ боз шудани дарвозаи ҳабсхонаро интизорӣ мекашид. Ӯ барои истиқболи набераи авфшудааш, ки 4 сол барвақттар ба озодӣ баромад, аз ноҳияи Қубодиён ба Ёвон омада буд. Бобои Мироншоҳ аз тақдири наберааш ашкрезону пурҳаяҷон қисса кард: «Муддати 2 сол набераам дар ҳабсхона буд. Ман ва оилаам аз ғами ӯ ба бемории фишори хун гирифтор шудем. Худо мегуфтем, ки як нафаре пайдо шаваду мушкили моро осон кунад. То озод шудани набераам 4 соли дигар боқӣ монда буд ва то он замон ману оилаам шояд аз ғам зинда намемондем. Авф шуд, мо ҳардуямон сиҳат ёфтем».

Барои сокини ноҳияи Ёвон Маъруф Ҳақназаров, ки ҳангоми раҳо кардани зиндониён аз кӯча мегузашт, мушоҳидаи лаҳзаи дидори авфшудагон бо пайвандонашон ғайричашмдошт буд. Ӯ гуфт: «Аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд. Онҳо бо фарзандҳояшон, бо кӯдаконашон омада, ашк мерехтанд, ки ин барои ман ғайриинтизор буд».

Раванди раҳосозии маҳбусонро мо дар муассисаи ислоҳии №3-и шаҳри Ваҳдат низ мушоҳида карда, бо собиқ зиндониён ва наздикони онҳо мусоҳиба оростем. Барои Нигора Раҳмонова миёни 120 нафари озодшуда пайдо кардани фарзандаш осон набуд. Ин зан аз ҳар нафари озодшуда писари худро суроғ мекард ва билохира ба дидори ӯ расид. «Президент натанҳо бачаҳоро аз зиндон баровард, балки дили чандин ҳазор модарро аз зиндон озод кард», - изҳор дошт ин модар. Хонум Нигора писари авфшудаашро насиҳат мекард, ки дигар ҳар лаҳзаи озодиро ғанимат шумурда, ба ин ҷо барнагардад.

Тавре озодшудагон дар суҳбат изҳор доштанд, рӯзи онҳо дар маҳбас бо ҳисоби ҳар сонияи умр сипарӣ мешудааст ва ҳатто як дақиқа пештар ба озодӣ расидан барои ин афрод бурд будааст.

Дар миёни авфшудагон нафароне низ кам набуданд, ки на як, балки чандин маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, нисфи умри худро дар маҳбас паси сар кардаанд. Агар қисме аз онҳоро зану фарзанд ва пайвандон дар хона мунтазир бошанд, онҳое ҳам буданд, ки аз сабаби мунтазам ба зиндон афтодан мафҳуми оиларо фаромӯш кардаанд. Авфшуда аз ноҳияи Қумсангир Муҳиддин Исматовро дар хона ба ҷуз аз модари пираш, на фарзанду на ҳамсар - касе интизор набудааст. «Бори панҷум се сол ҳукм гирифтам. Ба президент ташаккур мегӯям, ки моро авф кард», - мегӯяд ӯ.

Коҳиши муҳлати ҷазо низ шурӯъ шуд…

Ба озодӣ расидани ҳудуди 3300 нафар дар ҳолест, ки аллакай раванди коҳиши муҳлати ҷазои маҳбусон бо таҳияи санадҳо ва баррасии парвандаи зиндониён шурӯъ шудааст. Дар доираи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» муҳлати адои ҷазои беш аз 2 ҳазор маҳбус кам карда мешавад. Қонуни навбатии авф дар Тоҷикистон маҷмӯан ҳудуди 10 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Он асосан нисбат ба шахсоне татбиқ мешавад, ки аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд. Мувофиқи ин қонун пеш аз ҳама занон, ноболиғон, беморон, пиронсолон ва маъюбон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун маҳкум шудаанд ва таҳти тафтишоту баррасии судӣ қарор доранд, аз ҷазо озод карда мешаванд.

Ба иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, феълан дар зиндонҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 13 000 маҳбус адои ҷазо мекунанд. Ин 16-умин авф дар 23 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, дар асоси 15 авфи қаблӣ 100 000 нафар озод шудаанд.

 

Азия-Плюс