Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мусоҳиба бо Гурӯҳи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва/ё оилаҳои онҳо: оид ба дард, барқароршавӣ ва умед
- Гурӯҳи шумо ба қурбониёни шиканҷа кадом намуди кумакҳоро мерасонад ва чунин кумак дар Тоҷикистон то куҷо дастрас аст?
- Гурӯҳи офиятбахшии мо ба одамоне, ки шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву ғайриинсониро аз сар гузаронидаанд, дастгирии ҳамаҷониба мерасонад. Мо кумаки иҷтимоӣ, равонӣ ва тиббӣ мерасонем ва кӯшиш мекунем, ки тамоми самтҳои барқарорсозии шахсро баъди осеб диданаш фаро гирем.
Кумаки иҷтимоӣ кори инфиродӣ бо худи қурбониён ва ҳам аъзои оилаҳои онҳоро дар бар мегирад. Мо онҳоро дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарра, ҳуқуқӣ ва дигар масоил дастгирӣ карда, барои ба зиндагии муқаррарӣ баргаштанашон мусоидат менамоем.
Ёрии тиббӣ тариқи фиристодан бо роҳхат ба муассисаҳои махсус - беморхонаҳо, поликлиникаҳо, муассисаҳои махсусгардонидашуда амалӣ карда мешавад. Мо барои ташкили табобат бо сифати баланд ва барқарорсозии саломатӣ кумак мерасонем.
Кумаки равонӣ - ин барқарорсозии инфиродӣ мебошад, ки барои бартараф кардани андешаҳои осебпазир равона шудааст. Мо на танҳо бо қурбониён, балки бо наздикони онҳо кор карда, ба тамоми оила дар мубориза бо оқибатҳои зӯроварӣ кумак мерасонем.
Чунин кумак дастрас аст ва мо кӯшиш мекунем, ки доираи онро васеъ намуда, ҳамкориамонро бо мутахассисони минтақавӣ мустаҳкам созем, то касе бо дарди худ танҳо намонад.
- Оқибатҳои асосии равонӣ ва ҷисмонии шиканҷа, ки қурбониён дучор мешаванд, кадомҳоянд ва шумо чӣ гуна ба онҳо барои барқароршавӣ кумак мерасонед?
- Одамоне, ки шиканҷаро аз сар гузаронидаанд, бо оқибатҳои вазнин, ҳам равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Инҳо танҳо ҷароҳатҳо не, балки ҳолатҳои амиқу харобиоваранд, ки зиндагиро тағйир медиҳанд.
Қурбониён ва аҳли оилаи онҳо аксар вақт аз бехобӣ, хобҳои даҳшатнок, ваҳм, афзоиши изтироб, инчунин фишори баланди хун, дарди дил, бетафовутӣ ва афсурдагӣ азият мекашанд. Ин нишонаҳо метавонанд солҳои тӯлонӣ боқӣ монанд ва ба шахс барои баргаштанаш ба зиндагии муқаррарӣ халал расонанд.
Ҳадафи мо пешниҳоди дастгирии ҳадди ақали имконпазир ба онҳост: кумак на танҳо барои барқарор намудани солимии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, балки малакаҳои иҷтимоӣ ва касбии онҳо. Мо мекӯшем, ки ҳар як инсон худро аз нав ҷузъи ҷомеа ҳис кунад ва зиндагии хуб дошта бошад.
- Дастгирии оила ва ҷомеа дар раванди офиятбахшии қурбониён чӣ нақш мебозад?
- Дастгирии оила ва ҷомеа асоси раванди офиятбахшӣ мебошад. Бе ин одам бо дарди худ танҳо мемонад.
Оила дастгирии эмотсионалӣ, ҳавасмандӣ, ҳисси бехатарӣ ва қабули қарорро таъмин мекунад - ҳамаи ин барои барқарорсозии рӯҳӣ муҳиманд. Ҷомеа, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ, хадамоти иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар мутобиқшавӣ кумак мерасонанд, хатари канорагирӣ аз ҷомеаро коҳиш медиҳанд ва барои баргаштан ба зиндагии фаъол замина фароҳам меоранд.
Вақте ки оила ва ҷомеа якҷоя кор мекунанд, роҳ ба сӯйи барқароршавӣ хеле кӯтоҳ ва осонтар мешавад.
- Оё дар Тоҷикистон мутахассисони кофӣ барои кор бо қурбониёни шиканҷа омӯзонида шудаанд ва барои беҳтар кардани низоми офиятбахшӣ чӣ чораҳо андешидан мумкин аст?
- Имрӯз дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам камбуди мутахассисоне, ки барои кор бо қурбониёни шиканҷа омода шудаанд, эҳсос мешавад. Аммо дар ин самт аллакай тадбирҳо андешида шуда истодаанд.
Гурӯҳи мо бо муассисаҳои тиббӣ, инчунин бо кормандони иҷтимоӣ дар минтақаҳо ҳамкории зич дорад. Мо механизми вокуниш ба ҳолати фавқулодаро сохтем, ки барои ба осебдидагон ва наздикони онҳо ба таври сареъ кумак расонидан имкон медиҳад.
Илова бар ин, мо бо Ҷамъияти равоншиносон, мушовирон ва рӯҳшиносони Тоҷикистон Ёддошти ҳамкорӣ имзо кардем. Мо Дастурамали зина ба зина барои кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносонро таҳия кардем, ки дар он усулҳои муассири расонидани ёрӣ нишон дода шудааст.
Барои дар оянда боз ҳам такмил додани системаи офиятбахшӣ қадамҳои зерин заруранд:
- вусъат додани тайёрии касбии мутахассисон;
- рушди ҳамкориҳои байниидоравӣ;
- таъмини маблағгузории устувор барои барномаҳои дастгирӣ.
- Ҷабрдида чӣ гуна метавонад барои дарёфти кумак муроҷиат намояд ва барои дастгирӣ ёфтан аз гурӯҳи шумо бояд чӣ кор кунад?
- Гурӯҳи мо дар ҳайати Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва бо Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ ҳамкории зич дорад. Мо механизми фиристодан ва дастгирии муштараки шахсонеро, ки аз шиканҷа наҷот ёфтаанд, ба роҳ мондаем.
Бевосита барои кумак гирифтан муроҷиат кардан мумкин аст - мо ҳамеша омодаем гӯш диҳем ва дастгирӣ намоем.
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, утоқи 605
Телефон: +992 90 858 83 89, +992 8000 04806