Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Хабаре ҳаст, ки орзуи деринаи ҳомиёни ҳуқуқ – боздид аз маҳбасҳои Тоҷикистон ба зудӣ ҷомаи амал хоҳад пӯшид, аммо хатаре ҳаст, ки коғазбозиҳо он рӯзро ба дарозо хоҳанд кашид.
Дар ҳоле ки Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа мегӯяд, гурӯҳи кории муштарак дар аввалҳои сентябр аз зиндонҳо дидан хоҳад кард, нақши Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия дар кори ин гурӯҳ мояи баҳси ҷонибҳо шудааст.
Дафтари Омбудсмени Тоҷикистон, ки раҳбарии ин барномаро ба зимма дорад, мегӯяд, тибқи лоиҳаи Низомнома, Раёсати муассисаҳои ислоҳӣ метавонад дар фаъолиятҳои Гурӯҳи корӣ иштирок кунад, аммо дар мониторинг – таҳқиқи вазъи маҳбасҳо ширкат карда наметавонад.
Азиз Солиев, сухангӯи Омбудсмени Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳс дар ин аст, ки на ҳама ҷонибҳо ба ширкати Раёсати муассисаҳои ислоҳӣ дар Гурӯҳ мувофиқанд: «Ҳозир ин масъала дақиқ нашудааст. Мавзӯи баррасӣ ҳам ин аст, ки онҳо ширкат кунанд ё накунанд. Бархеҳо бар ин фикранд, ки ба далели масоили амниятӣ будани онҳо хуб аст. Ҳоло ин масъала матраҳ аст, ки шеваҳои ширкати онҳо дар ин мониторинг чӣ гуна бояд бошад».
Бино ба иттилои ин манбаъ, ҳоло як Гурӯҳи муқаддамотӣ дар ҳайати Додситонии кул, Суди Олӣ, аъзои парлумон, мутахассисони алоҳида ва созмонҳои ғайридавлатӣ ташкил шуда, сари Низомномаи фаъолияти гурӯҳи дидбон кор мекунанд.
Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки 16 ниҳод муттаҳид кардааст, низ вориди ин гурӯҳ шуда, мухолифи узвияти Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи кишвар дар он аст.
Нигина Баҳриева, раҳбари Бунёди ҷамъиятии «Нота бене» ва аз мубтакирони Эътилоф ба Радиои Озодӣ гуфт, бидуни мурооти воқеиятҳо наметавон натиҷаҳои назаррас аз кори ин гурӯҳ ба даст овард: «Агар ин маҳбас аст, пас ба Гурӯҳи кории оид ба мониторинг набояд намояндагони Раёсати муассисаҳои ислоҳӣ ворид шаванд, зеро моҳиятан ин мақоми манфиатдори давлатӣ аст. Мо музокирот доштем ва дар ҳоли ҳозир, дар ҳуҷҷатҳои дафтари Омбудсмен ҳам ин нукта зикр шудааст, ки ба гурӯҳи мониторӣ намояндагони мақомоти зидахл ворид нахоҳанд шуд».
Аммо масъулони Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло масъаларо бо дафтари Омбудсмен ва дигар аъзои Гурӯҳи кории дидбони маҳбасҳо баррасӣ доранд. Одинашоҳ Муродов, сухангӯи раёсат мегӯяд, ин мавзӯъ матраҳ аст, аммо ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ ба даст наомадааст: «Мониторингро бояд ин гурӯҳ анҷом диҳад, аммо онҳо чун ба маҳбасҳо мераванд, ширкати худро зарур мешуморем, чун онҳо бояд роҳбаладӣ шаванд, то ба чашми худ ҳамаро дида, баҳо диҳанд».
Раёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон ягона ниҳодест, ки маҳбасҳои кишварро таҳти назорат дорад ва ҳамасола дар онҳо даҳҳо маҳбус мефавтанд. Тибқи иттилои ин ниҳод, танҳо дар шаш моҳи соли 2013 дар маҳбасҳои Тоҷикистон 30 нафар, аксаран аз бемориҳо, назири сил фавтидаанд. Аммо ду соли гузашта ба далели расонаӣ шудани марги мармузи маҳбус Ҳамза Икромзода, ки ба даъвои наздиконаш, дар пайи латукӯби нозирони зиндон фавтидааст ва чанд мавриди худкушии маҳбусон, ин ниҳод дар сархатти хабарҳо қарор дошт, чун ҳарф аз шиканҷаву зӯроварӣ ва нақзи ҳуқуқи маҳбусон мерафт.
Далели рӯи кор омадани Гурӯҳи вижаи дидбонии маҳбасҳо таҳти сарварии Омбудсмен Зариф Ализода ҳам ин сарусадоҳо буданд ва тибқи қонунгузории Тоҷикистон, танҳо Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳаққи ворид шудан ба муассисаҳои пӯшида ва баррасии вазъи зиндонҳо, будубош ва шиканҷаву бадрафторӣ алайҳи маҳбусонро дорад.
Моҳи декабри соли 2012 Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои дидбонии вазъи маҳбасҳо як гурӯҳи махсус ташкил шуда, ҳақиқату воқеияти ҳолро ҷойгузини ҳадсу овозаву иттиҳомот намояд. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла Салиби Сурхи Байнулмилал солҳост, аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, дари зиндонҳоро барои бозрасии онҳо во кунанд. Дар ҷаласаи ахири Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Женев низ ин масъала дар робита бо қазияҳои шиканҷа баррасӣ шуд.