Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 24 январ дар Душанбе мизи мудаввар бахшида ба натиҷаҳои тадқиқот ва таҳлили қонунгузорӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва зӯроварии гендерӣ баргузор гардид.
Дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, шиканҷа ҳамчунон як мушкили густурда боқӣ мемонад, ки ниҳодҳои интизомӣ барои истифодаи маҷбуркунӣ ҳангоми бозпурсӣ аксаран интиқод мешаванд. Ҳисоботҳои ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуқӣ инсон ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз сӯиистифодаҳои системавӣ дар ниҳодҳои умури дохилӣ, ки аксаран ба истихроҷи иқрор ё далелҳо нигаронида шудаанд, ишора мекунанд. Ин мушкилотро механизмҳои сусти масъулиятшиносӣ, маҳдуд будани огоҳии мардум ва набудани усулҳои алтернативии тафтишотӣ боз ҳам мураккабтар мекунанд.
Дар доираи тадқиқот оид ба пешгирии шиканҷа таҳлили мутобиқати қонунгузории Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона гузаронида шуд. Бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда дар қонунгузории ҷиноӣ имкон медиҳад, ки дар самти пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешрафт ба даст ояд. Ғайр аз он, тадқиқот ҳолатҳои шиканҷаро аз соли 2019 то 2024 баррасӣ намуда, таҷрибаҳои пурсишро дар кишварҳои аврупоӣ бо истифода аз модели СУЛҲ ( P.E.A.C.A ) ва бар асоси принсипҳои Мендес пешниҳод кардааст. Омӯзиш ва омӯзонидани таҷрибаи пешқадами мусоҳибаи тафтишотӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад, ки мусоҳиба ва тафтишотро самаранок ва шаффоф гузаронанд.
Коршиноси миллии гендерӣ баррасии чаҳорчӯби қонунгузорӣ ва сиёсати миллии Тоҷикистон дар соҳаи зӯроварӣ нисбати занон, баррасии саҳифаҳои иҷтимоӣ ва ВАО, маълумоти оморӣ, омӯзиши вазъи занони маҳкумшуда ё қаблан маҳкумшуда ва дигар маълумоти дастрасро анҷом дод, ки ин имкон медиҳад то, ки камбудихо дар таъини чазо ба заноне, ки ба зуроварй дучор шудаанд, ошкор карда шаванд.
Дар доираи муаррифии тадқиқот тавсияҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Тоҷикистон оид ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва зӯроварии гендерӣ дода шуданд. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, аз қабили Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон, ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаҳои «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Пешбурди ҳуқуқи инсон ва тобеъиятҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон аз назардошти ҷанбаҳои гендерӣ: тадқиқот, муколама ва баланд бардоштани огоҳӣ", ки аз ҷониби Фонди Канада барои ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) маблағгузорӣ мешавад, гузаронида шуд. Барномаҳо аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ" дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҳолландии "Perspectivity Challenge" амалӣ карда мешаванд.
Барои маълумоти бештар метавонед ба Анел Тлеукеш, Мененҷер оид ба робита муроҷиат кунед, , почтаи электронӣ: pr@worldlawtj.org