Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Модари 54-сола Бибимарям Ҳамроева, сокини рустои Чорбоғи ҷамоати Косатароши шаҳри Панҷакент мегӯяд, ки бар асари латукӯби кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент дар беморхонаи амрози қалби шаҳр бистарӣ шудааст.
Хонум Ҳамроева ҳангоми сӯҳбат ба Faraj.tj гуфт, ки ӯ соҳиби 8 фарзанд - 4 духтар ва 4 писар мебошад. Ба қавли ӯ, ин ҳодиса рӯзи 20-уми ноябри соли ҷорӣ рух додааст. Дар ҳамин рӯз фарзанди 3-юми ӯ Шоҳимардон Аллаёровро кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент тариқи «облава» дастгир намуда, ба нуқтаи даъват овардаанд. Агарчи ба гуфтаи Бибимарям, фарзанди дуюмаш Турсуналӣ Аллаёровро санаи 2-юми ноябр бо хоҳиши худаш ба хидмати аскарӣ фиристода будааст.
Ба нақли ин модар, ӯ пас аз овардани писраш ба комиссариат рӯзи 21-уми ноябр ба инҷо омада, бо як азобе вориди нуқтаи даъват гардидааст. Баъди писарашро дидан аз кормандони комиссариат хоҳиш кардааст, ки ӯро ба назди комиссар баранд. Зеро чашмони фарзандаш олус ва хира буда, дар қайди духтури чашм ҳамчун бемор ба қайд гирифта шудааст.
Ба замми ин, гуфтааст, ки фарзанди дуюмашро ҳамагӣ 49 рӯз қабл ба хидмати аскарӣ равон кардаанд. Аммо кормандони комиссариат, ки 4 нафар будаанд, ӯро шунидан ҳам нахостаанд. Вай мегӯяд, «ҷои он, ки як модари муштипарро ба назди комиссар баранд, ҳангоми гусели фарзандам дастони маро пахш намуда, латукӯб карданд, ки яке аз онҳоро Далер ном мебурданд. Баъд аз ин ман дар ҳолати беҳушӣ будам. Хоҳаронам ин ҳолатро дида, маро аз зери пойи ин нафарон халос кардаанд. Пас аз он ба беморхона рафтам, фишорам боло рафта, сарам чарх мезад. Оид ба ин қазия ба прокуратура бо ариза муроҷиат кардам. Онҳо аризаи маро қабул карданд. Ба ҳукумати шаҳр низ муроҷиат кардам. Раиси шаҳр Хисрав Абдуназар, ки он рӯз рӯзи қабулаш буд, баъди шунидани арзи ман супориш дод, то масъаларо баррасӣ кунанд. Аммо то ба имрӯз чорае наандешидаанд. Аз ин ба баъд саломатиам хеле бад шуд. Ҳоло дар беморхона бистариам. Фишорам хеле баланд асту ба гуфтаи духтурон, дар ҳолати стрессам».
Дар ҳамин ҳол, хостем нисбати ин қазия бо комиссари комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент подполковник Хуршед Қобилов сӯҳбат ороем. Ӯ ба ҳангоми сӯҳбат гуфт: «Магар шумо адвокат ҳастед? Барои ин қазияро рӯшан сохтан на шумо, балки адвокатҳо ё суду прокуратура машғул шаванд! Шумо наметавонед ин қазияро баррасӣ кунед! Дигар ин ки, Далер Мирватов агар ин корро карда бошад, бигзор худаш ҷавоб гӯяд».
Гуфтам, ки ӯро инҷо даъват кунед. Ҷаноби коммисар гуфт, ки вай айни замон несту шояд ба прокуратура ё ҷои дигар рафтааст. Ба суоли он, ки чаро дар комиссариати ҳарбӣ латукӯб тайи як моҳи охир аз ҷониби кормандон чанд маротиба такрор шудааст, ӯ ҷавоб дод, ки «ин хел ҳодисаҳо мешаванд, баъд чӣ?!».
Чунин буд муносибати комиссари комиссариати шаҳри Панҷакент подполковник Хуршед Қобилов.
Раиси ҷамоати деҳоти Косатарош Абдурофеъ Исрофилов мегӯяд, ки фарзанди Бибимарям Ҳамроева дар ҳақиқат бемор асту ӯро ноадолатона ба хидмати аскарӣ равон кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ягона фарзанди хонум Бибимарям будааст, ки бори зиндагии оилаашонро ба дӯш доштаву ноновари ин хонадони камбизоат будааст.