Вазорати мудофиа “облава” дар Панҷакентро таҳқиқ мекунад

Вазорати мудофиа “облава” дар Панҷакентро таҳқиқ мекунад

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон таҳқиқи қазияҳои латукӯби навдаъватшудаҳо ба артиш дар Панҷакентро зери назорат гирифтааст.

Бино ба иттилои як манбаъ аз вазорати мудофиа, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, вазорати мудофиа таҳқиқи қаҳияи латукӯби се сокини шаҳри Панҷакентро оғоз кардааст.

Манбаъ мегӯяд, бо супориши Шералӣ Мирзо, вазири дифо 2 рӯз пеш сардори яке аз раёсатҳои вазорат барои таҳқиқи ин ҳодисаҳо ба шаҳри Панҷакент сафар кардааст. Ӯ дастур гирифтааст, ки бояд қазияро пурра таҳқиқ кунанд.

- Бояд то охири ҳафтаи равон таҳқиқи ин қазияҳоро ба анҷом расонида, аз натиҷаи он ба Вазири мудофиа гузориши хаттӣ ирсол шавад, - мегӯяд манбаъ.

Дар мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба артиш се ҳодисаи латукӯб гардидани даъватшавандаҳо аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент расонаӣ гардид.

TojNews