Сабти беш аз сад маврид шиканҷа дар Тоҷикистон дар чаҳор соли ахир

Сабти беш аз сад маврид шиканҷа дар Тоҷикистон дар чаҳор соли ахир

Созмони Ҷаҳонии алайҳи Шиканҷа (СҶШ) бо интишори изҳороте гуфтааст, ки бо гузашти 20 сол пас аз пайвастан ба паймони байналмиллалӣ алайҳи шиканҷа, ин падида дар Тоҷикистон ҳамчунон густарда аст.

Тоҷикистон 10-уми феврали соли 1995 Кунвенсиюни алайҳи шиканҷа ва бархурди бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ё иҳонатомезро тасвиб карда буд.

Бо тасвиби ин санад Тоҷикистон дар пеши ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва мардумаш таъаҳҳуд кард, ки шаҳрвандонашро аз шиканҷа ва ҳама гуна озор муҳофизат хоҳад кард.

Аммо дар изҳороти СҶШ, ки дар робита ба 20-умин солгарди тасвиби ин кунвенсиюн тавассути Тоҷикистон мунташир шудааст, мехонем: "Бо гузашти 20 сол шиканҷа, муъофият аз ҷазо барои эъмоли он дар кишвар густарда боқӣ мондааст. Аз соли 2011 то 2014 Эътилофи алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон беш аз 100 мавридро, ки гуфта мешавад дар онҳо мардон, занон ва кудакон шиканҷа шудаанд, сабт кардааст."

Ин ниҳоди баналмиллалӣ дар изҳороташ навишта, ки "Танҳо дар мавориди истисноӣ муртакибони шиканҷа дар Тоҷикистон муҷозот шудаанд. Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, ки ин изҳоротро мунташир мекунанд ба ин боваранд, ки бисёре аз қурбониёни шиканҷа аз бими талофиҷӯӣ дар ин бора шикоят накардаанд."

Дар идомаи изҳорот мехонем, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ба мушкили шиканҷа дар Тоҷикистон дар солҳои ахир таваҷҷӯҳи бештар доштанд. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки Кумитаи мубориза бо шиканҷа ва Гузоришгари вижа пас аз таҳлили вазъияти марбут ба ин масъала як силсила тавсияҳоро таҳия ва ба давлати кишвар пешниҳод кардаанд.

Ба навиштаи Созмони Ҷаҳонии алайҳи Шиканҷа гурӯҳи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ба муносибати 20-умин солгарди тасвиби кунвенсиюни алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон вазъияти кунунии шиканҷа дар ин кишвар аз ҷумла дар артишро гузориш кардаанд.

Бо ин ҳама СҶШ таъкид кардааст, ки давлати Тоҷикистон дар ростои мубориза бо шиканҷа иқдомоти мусбат низ бардоштааст. Аз ҷумла дар изҳорот дар бораи изофа шудани ҷурми шиканҷа дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар соли 2012 ёдоварӣ шудааст.

Дар ин баёния гузориш шуда, ки дар соли 2014 чаҳор парванда дар асоси ин банди қонуни кайфарӣ боз шуда ва додгоҳҳо пардохти ҷубронпулӣ ба хонаводаҳои ду марде, ки дар натиҷаи шиканҷа ҷонҳои худро аз даст додаанд, лозим донистаанд.

Бо ин вуҷуд гузориш таъкид мекунад, ки мушкилоти фаровоне дар сутуҳи қонунгузорӣ ва сохторӣ дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки садди роҳи таҳқиқ ва муҷозоти мавориди шиканҷа дар ин кишвар мешавад. Дар ин замина ба мушкилоти марбут ба дастрасӣ ба афроди мазнун дар марҳилаи қабл аз боздошти қонунӣ ишора шудааст.

Дар ин гузориш аз мавриди ахири шиканҷа аз сӯйи пулис дар ноҳияи Панҷакент ҳикоят шудааст.

Тибқи ин гузориш Самандар Ҷалолзода навҷавони сокини шаҳри Панҷакент дар хиёбони ин шаҳр дастгир шуда ва ба мошини пулис андохта мешавад.

Ҳангоме ки падарбузурги ин ҷавон ба назди пулис бо саволи "чаро набераамро боздошт мекунед?" наздик шудааст, пулис мошинро ба ҳаракат дароварда ва падарбузурги Ҷалолзодаро бо утумубил аз по афтондааст.

Падари Самандар Ҷалолзода тавонистааст писарашро шоми он рӯз аз дасти пулис раҳо кунад. Маълум шудааст, ки Самандар мавриди шиканҷа қарор гирифта ва ӯ алайҳи пулис ба додситонии шаҳр шикоят ирсол кардааст, ки то ҳол дар дасти баррасӣ будааст.

BBC