Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе 6 нафар сарбозони қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро дар вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо (моддаи 373, КҶ ҶТ) гунаҳкор эътироф намуда, онҳоро ба 2-2,5 соли зиндон маҳкум кард.
Се нафари онҳо - Довар Абдулхатов, Далер Раҳмонов ва Алибек Имомназаров ба 2,5 сол ва боқимонда се нафари дигар - Фурқат Авезов, Шукурҷон Акобиров ва Шералӣ Ғафуров ҳар кадоме ба 2 соли зиндон маҳкум карда шуданд.
Ёдрас мекунем, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар баррасии парвандаи мазкур аз суд дархост намуда буд, ки ҳар кадоме аз онҳо ба 5 соли зиндон маҳкум карда шаванд.