Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе баррасии даъвои Шаҳбол Мирзоев, сарбози собиқ ва маъюбшудаи нерӯҳои марзбониро ба таъхир андохт ва гуфт, ки ҳукми ниҳоиро дар ин замина рӯзи душанбе 25-уми май эълон мекунанд.
Шаҳбол Мирзоев , сарбози собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ мехоҳад, барои маъюб кардани ӯ 241 ҳазор сомонӣ ҷуброни моддӣ ва маънавӣ бипардозад. Дар ин бора Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол рӯзи 22-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод.Ӯ гуфт, додрасони додгоҳ баъди чанд дафъа ба таъхир андохтани муҳокима ваъда додаанд, ки ҳукм дар бораи ин парвандаи пурсарусадо дар Тоҷикистонро рӯзи душанбе 25-уми май эълон мекунанд.Шаҳбол дар аризаи даъвогии худ мегӯяд, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, натавонистааст, иҷрои ойинномаи ҳарбӣ дар воҳиди низомиашро таъмин кунад ва бояд барои азоби равонӣ ва ҷисмие, ки ӯ кашидааст, 97 000 сомонӣ зарари моддӣ ва 144 000 сомонӣ зарари маънавӣ ҷуброн бипардозад. Гардани Шаҳбол Мирзоев, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт, баъди бадрафтории як ҳамхидматаш бо ӯ дар моҳи марти соли 2014, сахт осеб дид ва ӯ то ҳол бемори бистарист ва мустақилона роҳ рафта наметавонад.
Намояндагони Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ мегӯянд, ки ин ниҳод тамоми масъулиятеро, ки дар баробари сарбозаш Шаҳбол Мирзоев дошт, иҷро кардааст ва ҷуброн пардохтанӣ нест. Гулчеҳра Холматова гуфт, намояндагони нерӯҳои марзбонӣ ба мавқеи худ пофишорӣ доранд ва худро гунаҳкор намеҳисобанд: “Онҳо, албатта, мегӯянд, ки мо гунаҳкор нестем, мо ҳеҷ чиз намекунем, ҳар коре, ки аз дастамон омад, мо кардем. Мо ҳеҷ гуна заррарро ба ӯҳда намегирем ва намесупорем.”Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар гузашта аз додгоҳ хост, ки даъвои Шаҳбол Мирзоевро рад кунад ва гуфт, ки ба хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз ҷониби онҳо бо маблағи 9 230 сомонӣ доруворӣ кӯмак кардаанд ва тамоми чораҳоро барои табобати ӯ андешидаанд. Усмон Ғайратов, сарбозеро, ки Шаҳболро зада, маъюб кард, моҳи июн ба 9 соли зиндон маҳкум намуданд, ҳарчанд бар асоси авф 2 соли ҳукми ӯро кам карданд.
“Ҳукумат натавонист, пули муолиҷа ва ҷарроҳии ин сарбози ватанро ба ӯҳда бигирад ва ин барои ҳукумати Тоҷикистон ва худи Тоҷикистон айб аст, ки шахсони алоҳида ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пул ҷамъ карданду ӯро ба хориҷа барои ҷарроҳӣ бурданд. Дигар ин ки вобаста аст ба системаи судии мо, ки то чӣ андоза мустақил аст. Судя метавонад, амр диҳад, ки ҷуброн пардохта шавад, вале инҷо мақомоти ҳукуматӣ ҳастанд. “Дигар чиз ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, иҷрои амри додгоҳ аст. Ба қавли ӯ парвандаҳое ҳастанд, ки додгоҳ ба нафъи қурбониёни шиканҷа ҳал карда ва амр додааст, ки ҷуброн пардохта шавад, вале амри додгоҳ рӯи коғаз мондааст ва тамом. Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев, ҳам мегӯяд, ҳоло намедонад, ки додгоҳ парвандаро ба нафъи фарзанди маъюбаш ҳал мекунад ё не. Ӯ, ки бо қарзу қаволаи зиёд фарзандашро ба Маскав бурда, ҷарроҳӣ кард, дар бораи муҳокима зиёд нагуфт, балки аз он хурсанд буд, ки Шаҳбол пояшро ҳаракат медиҳад ва шояд рӯзе мерасад, ки фарзанди акнун 24-солааш дигарбора мустақилона қадам мезанад ва дасти падарро мегирад.