Норозигӣ аз қарори додгоҳ нисбати корманди собиқи комиссариати Панҷакент

Норозигӣ аз қарори додгоҳ нисбати корманди собиқи комиссариати Панҷакент

Урунбек Тошев, собиқ корманди комиссариати ҳарбии Панҷакент, ки дар латту кӯби Саидалӣ Ҳақбердиев, як ҷавони 24-солаи тоҷик муттаҳам мешавад, бо қарори Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд се сол аз ҳаққи ишғоли вазифа дар мақомоти низомӣ маҳрум шудааст. 

Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои Ҳақбердиев имрӯз, 10 июн ба “Озодагон” гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. Оқои Ҷӯраев афзуд, онҳо бо хулосаи ташхиси судию тиббии криминалӣ ҳам розӣ нестанд: “Дар хулосаи ташхис гуфта мешавад, ки эҳтимол Ҳақбердиев худро аз мошин партофтааст, аммо мо бар инем, ки ӯро латту кӯб кардаанд”.

Саидалӣ Ҳақбердиеви 24-сола сокини деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент чоруми ноябри соли 2014 аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия “облава” шуда, ба гуфтаи наздиконаш дар роҳ то маркази ноҳия латту кӯб шудааст. Ба қавли наздикони ӯ, дар пайи ин латту кӯб беҳуш шуда, танҳо бо гузашти ду рӯз дар беморхона ба худ омадааст. 

Ozodagon