Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
17-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи «Серена» дар мавзуи «Мутобиқсозии маҳкумшудагон тавассути таҳсилоти касбӣ дар системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳбас-ЭКСПО» мизи мудаввар баргузор гардид.
Баъди анҷоми чорабинӣ дар боғи меҳмонхонаи «Серена» намоишгоҳ-муаррифии маҳсулоти дар муассисаҳои ислоҳии кишвар омоданамудаи маҳбусон ва расмҳои аз ҷониби маҳбусон дар доираи арт-терапия офаридашуда баргузор гардид.
Муфассалтар дар сомонаи мо бо нишонии: https://hrc.tj/archives/4276
Мизи мудаввар ва намоишгоҳ аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Swiss Cooperation - Tajikistan, Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ), DVV International in Tajikistan, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ташкил карда шуд.