Тағйири ҳалнома дар робита ба марги сарбоз Фирдавс Раҳматов

Тағйири ҳалнома дар робита ба марги сарбоз Фирдавс Раҳматов

Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон 10 декабр ҳалномаи Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷандро дар робита ба марги Фирдавс Раҳматов,сарбози 22-солаи қисми ҳарбии 04080 тағйир додааст. 
Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои Фирдавс Раҳматов имрӯз, 12 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бар асоси ин тағйир, афсарон О.Ҳомидов, Р.Маҳмадов ва Х.Ҳакимов тайи ду соли оянда аз истифодаи баъзе имтиёз ва уҳдадориҳо маҳрум шудаанд. Тибқи ҳалномаи қаблӣ ин афсарон ба муддат 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд. 
Ба гуфтаи оқои Ҷӯраев, қисмати дигари ин парванда бетағйир мондааст, ки тибқи он сержант Раббонӣ Сулаймонов 18 сол, сержант Комрон Раҳимовро 17,5 ва сарбози қаторӣ -- Айём Назаров 17,5 сол равонаи зиндони низомаш шадид гардиданд. Ин афрод дар латту кӯби Фирдавс Раҳматов муҷрим шинохта шудаанд. 
Наздикон Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мегӯяед ӯро рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шуда, масъулини қисми низомӣ шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади ӯро ба манзилаш овардаанд. Нахуст сабаби марги Раҳматов “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфта шуд, аммо Дилором Раҳматова, модари ӯ гуфт, фарзандаш бар асари латту кӯб ҷон додааст. Ба дунбол, парвандаи ҷинояти оғоз ва омилони марги Фирдавс эълон гардиданд. 

Ozodagon