Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Тафтиши парвандаи қатли ду корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба суд ирсол карда мешавад.
Як манбаъ дар Прокуратураи генералӣ ба TojNews гуфт, тафтиши парвандаи онҳо ба анҷом расида, ҳафтаи равон ба Суди олии Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд.
Манбаъ аз шарҳи бештари хабар худдорӣ карда танҳо илова намуд, ки “ҳоло ҷонибҳо бо он шинос мешаванд. Дар назар аст, ки баррасии ин парванда охирҳои моҳи январи соли оянда дар Суди олӣ оғоз шавад.”
Дар иртибот ба қатли 2 корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ду сокини шаҳри Кӯлоб: Шариф Раҳматови 20-сола ва Умедҷони Амрохони 21-соларо боздошт шуда буданд.
Ҳодисаи куштори ду корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино 7-уми ноябр рух дода буд.
Бино ба иттилои расмӣ, “7-уми ноябри соли равон, тахминан соати 07.20-дақиқа дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе ашхоси номаълум ба лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пулод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссарияти мазкур Рустам Саъдуллоев муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Дар натиҷа майор Пулод Мирзоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва прапоршик Ҳамза Насибов дар бемористон ба ҳалокат мерасанд.
ВКД наворе пахш карда буд, ки ба бовари мақомот дар он гумонбарро дида мешавад. Барои пешниҳоди маълумоти дақиқ дар бораи гумонбар 10 ҳазор доллари ИМА мукофот таъин шуда буд.
Зимнан, ин ҳодиса дар шабу рӯзе ба вуқуъ пайваст, ки мавсими тирамоҳии даъват ба сафи артиш идома дошт.