Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, “мо риши касеро наметарошем ва сатри касеро аз сараш намегирем”.
Дар пасманзари хабари расонаҳои маъруфи ҷаҳон оиди тарошидани риши сокинон аз сӯи милисаҳои тоҷик Раҳимзода, имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе риштарошию сатркаширо рад карда, таъкид намуд, ки дар ин масъала танҳо аз усулҳои фаҳмондадиҳӣ кор мегиранд.
Раҳимзода ҳадаф аз корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ришдорҳою сатрдорҳоро таъмини амният арзёбӣ карда, илова намуд, ки ба ҳамин восита мутобиқати намуди зоҳирию шахсияташонро бо ҳуҷҷатҳо таъмин мекунанд.
Дар мавриди Умар Бобоҷонов, донишҷӯи 23-солаи Донишгоҳи Санкт Петербург, ки ба иддаои наздиконаш барои риш аз сӯи кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат латту кӯб шудаасту моҳи сентябри соли 2015 даргузашт, вазири умури дохилӣ изҳор дошт, ки Бобоҷоновро на ба хотири риш, балки барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт кардаанд.
Қаблан мақомоти умури дохилии Хатлон гузориш доданд, ки соли 2015 дар вилоят 1773 зан аз пӯшидани сатр даст кашиданду наздики 90 фоҳишаи сатрпӯшро ошкор кардаанд. Изҳороти Баҳром Шарифзода, сардори пулиси Хатлон, ки соли гузашта риши 12 ҳазору 818 шаҳрвандро ба тартиб даровардаанд, дар сархати расонаҳои маъруфи ҷаҳон қарор гирифт.