Оғози муҳокимаи гумонбарони ҳамла ба кормандони "военкомат"

Муҳокимаи гумонбарон дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино шурӯъ шуд. Дар курсии айбдорӣ ба ҷуз аз муттаҳами аслӣ Умедҷони Амрохон, боз панҷ нафари дигар нишастаанд.

Рӯзи 17 феврал дар Додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи гумонбарон дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт оғоз шуд. Ба мурофиа хабарнигорон низ роҳ ёфтанд, вале ба онҳо барои аксбардорӣ, сабти видео ва аудио иҷоза дода нашуд.

Хабарнигорони Озодӣ аз толори додгоҳ иттилоъ доданд, ки ба иловаи муттаҳами аслӣ дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбӣ Умедҷони Амрохон, инчунин, панҷ нафари дигар - Наврӯзҷон Мирзоев, Одилҷон Мирзоев, Ҷумъахони Давлатшоҳ, Шоҳинҷон Сафаров ва Шарифҷон Раҳматов - дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Ин парванда аз се ҷилд иборат буда, додраси парванда Тоҳир Мӯсобекзода ва айбдоркунанда аз Додситонии кулл Бахтиёр Маҳмудзода мебошанд. Муттаҳами аслӣ Умедҷони Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб, бо қисми дуи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштани ду шахс ва бештар аз он" ва моддаи 32, қисми 3 ва "куштани шахс ё наздикони ӯ вобаста ба фаъолияти хидматӣ", гунаҳкор дониста мешавад.

Дар мурофиаи додгоҳӣ аз ҳуқуқҳои Умедҷони Амрохон вакили дифоъ Мавлудхон Салихов ҳимоят менамояд.

Савлатбӣ Раҳматова, модари Умедҷони Амрохон дар берун аз толори додгоҳ ба Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки парванда одилона баррасӣ мешавад. Ба қавли ӯ, Умедҷон танҳо писари хонавода аст ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон, кормандони комиссарияти ҳарбӣ ҳаққи маҷбурӣ бурдани яккаписар ба сафи артишро надоранд.

Раҳматова мегӯяд, кормандони комиссарияти ҳарбӣ бидуни муаррифӣ ва либосӣ низомӣ ба писари ӯ дарафтода, кӯшиши ба комиссарияти ҳарбӣ бурдан кардаанд: "Мо 25 сол барои президент овоз додем, ки ҳуқуқи инсон аз рӯи Конститутсия риоя шавад. Ҳама медонад, ки "облава" чӣ тавр сурат мегирад. Ман ҳамчун модар ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунам, ки шиканҷаро нисбати фарзандони мардум раво набинанд."

Гулрӯхон Азизова, холаи Ҳамза Насибов - яке аз ду корманди кушташудаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки бояд нисбат ба қотилон ҷазои сангин татбиқ шавад. Азизова аз он нигарон аст, ки фарзандони хоҳарзодаи ӯ ҳанӯз ноболиғанд ва таъмини хонаводаи онҳо бар дӯши Ҳамза буд. Ӯ гуфт, ки фарзанди онҳо дар роҳи хизмат ба давлат ҳалок шудааст.Пайвандони кушташудаҳо мегӯянд, то ҳанӯз касе аз наздикони гунаҳкорҳо ба аёдати онҳо наомада ва ҳатто изҳори тасаллият накардааст.

Субҳи 7 ноябри соли гузашта дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе чанд нафар бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ карданд ва аз маҳалли ҳодиса фирор карданд.

Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ozodi