Муаррифии асноди тиббие, ки барои ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа кӯмак мерасонанд

Рӯзи 14-уми март дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор мегардад, ки ба муаррифии натиҷаҳои коркарди дохилии асноди «Тартиби ташкили кӯмаки тиббӣ барои шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта ва маҳбусон» ва «Санади тиббӣ-шаҳодатномавии маҳбусон» мутобиқи талаботи Протоколи Истамбул бахшида мешавад.

Мақсад аз баргузории мизи мудаввар муаррифӣ ва баррасии намунаҳои муқаддамотии ин ҳуҷҷатҳо, инчунин муҳокимаи роҳҳои ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошад.

Фаъолияти коркарди дохилии ҳуҷҷат аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» бо дастгирии Барномаи рушди СММ, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ роҳандозӣ шуда буд.

Фаъолият оид ба татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбул бахше аз стратегияи Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба шумор меравад. ТҶ «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» ҳамчун ташкилоти ҳамоҳангсози фаъолият ва омоданамоии кормандони тиббӣ тӯли 9 моҳ дар самти беҳтарсозии шароити маҳкумшудагон ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи Протоколи Истамбул фаъолона кор бурдааст.

Бояд гуфт, ки дар мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок мекунанд.

Мизи мудаввар рӯзи 14-уми март, аз соати 9:00 то 12:00 дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ доир мегардад. Бақайдгирии иштирокчиён аз соати 8:30 оғоз меёбад.

Хоҳишмандем, ки иштирокатонро тариқи телефони + 992 93 555 86 56 ё тавассути суроғаи электронии p.navruzova@gmail.com (Наврӯзова Парвина) тасдиқ намоед.

NoTorture.Tj