Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
То 1 май 19 шаҳру навоҳӣ даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро карданд.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон иҷрои нақшаи даъват дар ВМКБ - 87%, вилояти Хатлон - 94%, вилояти Суғд - 75%, ноҳияҳои тобеи марказ - 73% ва шаҳри Душанбе - 54%-ро ташкил дода, дар саросари ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба 80% расидааст.
Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон далели ба таври маҷбурӣ ба хизмат даъват кардани ҷавонон (облава)-ро рад мекунад. Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта суди шаҳри Душанбе Умедҷони Амрохонро, ки ба ҳамла ба 4 корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт ва қатли ду нафари онҳо гумонбар дониста мешуд,ба 30 соли зиндон маҳкум кард.
Тибқи яке аз фарзияҳо, ин ҷавон бо ҳамин роҳу васила мехостааст, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ худро халос намояд. Баъдан Вазорати мудофиаи Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки ҳодисаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳеҷ рабте надорад.
Санаи 19 апрел сокини 19-солаи шаҳри Роғун Қиёмиддин Шарифов ҳангоми маъракаи маҷбур дастгир кардану ба хизмати ҳарбӣ фиристодан (облава) худро ба дарёи Вахш партофта, ғарқ шуд. Ҷасади ӯ то ҳол дарёфт нашудааст. Имрӯз, 3 май ба идораи «Азия-Плюс» хешовандони Қиёмиддин Шарифови бедаракшуда муроҷиат намуда, дар бораи беамалии мақомот дар ҷустуҷӯи ҷасади ҷавон ҳарф заданд.