Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ ваколатҳои васеъ дода шуда, дар айни замон нисбат ба ҳар як корманди он талаботи ҷиддӣ муқаррар карда шудааст.
Ҳеҷ кас мисли шумо дар ҷабҳаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чунин ваколат надорад ва ҳеҷ яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мисли шумо бо халқ наздик нест.
Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул намудааст.
Бо дарназардошти ин нуктаи муҳим ҳар як корманди милитсия бояд амиқан дарк намояд, ки дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ ва кору фаъолият менамояд.
Бинобар ин, онҳо вазифадоранд, ки ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро дар маркази фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.
Зеро ҷинояткориро танҳо дар ҳолате коҳиш додан мумкин аст, ки беэҳтиромӣ ба қонун ва беэътиноӣ ба ҳуқуқ дар маҷмӯъ аз байн бурда шуда, риояи ҳатмии тартиботи ҳуқуқӣ ҳамчун рафтору кирдори табиӣ ба шуури мардум ворид карда шавад.
Дар ин замина, пеш аз ҳама, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус милитсия бояд худашон намунаи ибрат бошанд.
Дар ҷомеаи демократӣ риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ амалӣ намудани фаъолияти онҳо аз ҷониби ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ баҳогузорӣ карда мешавад.
Вобаста ба ин, мехоҳам оид ба баъзе ҳолатҳои мавҷудаи вобаста ба шиканҷа, ки ҷомеаи мутамаддин онро маҳкум мекунад, ибрози ақида намоям.
Бояд гуфт, ки сиёсати Ҳукумати кишвари мо дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар усулҳои нораво зимни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ комилан ташаккул ёфтааст.
Ҳатто соли ҷорӣ бо ворид намудани иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ нисбат ба шахсони ба шиканҷа роҳдода ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шуд.
Бо дарназардошти арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қатъиян иброз менамоям, ки ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад.
Бинобар ин, ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати огоҳии пурраи кормандон аз талаботи қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа чорабиниҳои омӯзиширо тақвият бахшида, доир ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони мақомот қарорҳои қатъӣ қабул намоянд.
Сарчашма: торнамои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон