Талаби 27 соли зиндон барои се пулиси рус, ки муҳоҷири тоҷикро то марг латту кӯб кардаанд

Айбдоркунандаи давлатӣ барои се маъмури пулиси Русия, ки дар латту кӯбиФаррух Урозов, як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, дар маҷмӯъ 27 соли зиндон талаб кардааст. 

Кумита оид ба пешгирӣ аз шиканҷа мегӯяд, додситон барои Владимир Гордеев,корманди ҷустуҷӯи ҷиноии шӯъбаи пулиси ноҳияи Солнечногорск нуҳ солу се моҳ зиндони нишомаш шадид ва ҳамкорони ӯ -Станислав Дейкуну Андрей Чернишев нуҳ соли ҳабс талаб кардааст.

Ин маъмурони пулис дар баромадан аз ваколати хизматӣ, истифодаи зӯроварӣ бо истифода аз ҷиҳози махсус ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки ба марги инсон сабаб шудааст, муттаҳам мешаванд. 

Нахустин мурофиаи додгоҳии ин се маъмури пулиси Русия рӯзи 19 январ дар Додгоҳи ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав оғоз шуда буд. 

Кумитаи зидди шиканҷа қаблан аз қавли Илҳом Алихонов, бародари Фаррух, ки дар парванда ҳамчун ҷабрдида баромад мекунад, навишта буд, бегоҳи 17 сентябри соли 2014 маъмурини пулис ҳамроҳи Светлана, ҳамсоязани онҳо Фаррухро аз хоб бедор карда, ба идораи пулис бурданд. Баъдан муайян шудааст, ки Фаррухро дар таҷовуз ба номуси духтари 6-солаи Светланаайбдор мекунанд. 

Илҳом он замон гуфта буд, ки маъмурини пулис ӯро низ ба идораи пулис бурданд: “Он ҷо Фаррухрро дар яке аз утоқҳо латту кӯб мекарданд ва ӯ бо овози баланд дод мезад. Барои чанд лаҳза ҳангоми нимкушод будани дар Фаррухро дидам, ки бо дастони баста хунолуд рӯи фарш буд ва бо забони тоҷикӣ сӯи ман гуфт, ки “дигар тоқат карда наметавонам". Аз ҳама ҳайратовараш он буд, ки фарёди ҷонкоҳи Фаррухро маъмурини дигари пулис, ки аз роҳрави идора мегузаштанд, мешуниданд, аммо чорае наандешиданд".

Дар натиҷаи латукӯб шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18 сентябр дар роҳрави шӯъбаи пулис ҷон бохтааст. 

Ozodagon