Дар Тоҷикистон аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» роҳандозӣ мешавад

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон оғози аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!»-ро эълон медорад, ки то 26-уми июн, вақте ки дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, идома хоҳад ёфт.

Дар давоми 10 рӯз, ҳар рӯз мо барои шумо дар торнамои Эътилоф www.notorture.tj ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем. Агар шумо муқобили шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳастед, метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед ё қиссаро бознашр кунед, то ин ки аксия теъдоди зиёдтари одамонро фаро гирад. Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар рӯзи хотимавии аксия дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.

Дар доираи аксия, аз 20 то 26-уми июн, мусофирони нақлиёти шаҳрии мусофирбари №№2,16, 25 ва 46 метавонанд дар экранҳои дохили мошинҳо ролик дар бораи дастгирии қурбониёни шиканҷаро бубинанд, ки аз ҷониби шарики мо - Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Қазоқистон омода гардида, ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст.

Аз 24 то 26-уми июн бошад, дар мониторҳои калон дар Душанбе (назди меҳмонхонаи «Тоҷикистон», ТВ «Сафина» ва ҳайкали Исмоили Сомонӣ) ролик бар ин асос, ки тибқи моддаи 5-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ  «Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирад», бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ пахш хоҳад шуд.

Як қисми аксияи мо дар вилоятҳои Хатлону Суғд мегузарад. Рӯзи 24-уми июн дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа намоиши аллакай анъанавии аксҳо доир мегардад, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, ВАО ва созмонҳои байналмилалӣ даъват хоҳанд шуд. Дар намоишгоҳ тамоми хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

Мо зидди шиканҷа! Ту чӣ? Ба шиканҷа ва беҷазоӣ «Не!» бигӯ!

Маълумот дар бораи Эътилоф: Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон соли 2011 баҳри таҳкими талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ таъсис ёфтааст. Он 11 ташкилоти ғайридавлатӣ, ҳудуди 80 адвокатҳо, журналистон, равоншиносон, коршиносон оид ба адолати судиро муттаҳид кардааст.

Бақайдгирии ҳолатҳои шиканҷа ва расонидани кӯмакҳои ҳуқуқиву равонӣ, муттаҳидсозии кӯшиш ва талабот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ташаккули сиёсати «таҳаммулнопазирии комил» нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон мақсадҳои асосии Эътилоф ба шумор мераванд. 

NoTorture.Tj