Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико нотавонии мардум ба тағйири ҳукумат аз тариқи интихобот як мушкили умдаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон унвон мешавад.
Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонааш вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсӣ дар кишварҳои дунёро ба баррасӣ гирифта, дар бахши Тоҷикистони гузоришаш ин кишварро як давлати худкомаи таҳти нуфузи сиёсии президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдорони ӯ номидааст. Қонуни асосии Тоҷикистон низоми сиёсии чандҳизбиро иҷозат медиҳад, вале давлати Тоҷикистон таърихан гуногунандешии сиёсиро поймол мекунад ва ин корро дар як соли гузашта ҳам идома додааст, гуфта мешавад дар идома гузориш. Дар ин робита аз ҷумла аз таҳти назорати шадиди мақомоти амниятӣ қарор гирифтани ниҳодҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ ва ҳам аз интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 ёдоварӣ шудааст, ки бино ба хулосаи нозирони байналмилалӣ, бо камбуди гуногунандешӣ ва имкони интихоби воқеӣ баргузор шуд.
Дар гузориш ҳамин нотавонии шаҳрвандон ба тағйири ҳукумат аз тариқи интихоботҳои озоду одилона ва ҳамчунин шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон ва афроди дигар аз сӯи мақомоти амниятӣ, таъқиби фаъолони сиёсӣ ва гурӯҳҳои мухолифин аз мушкилоти аз ҳама доғи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон унвон шудааст. Аз мушкилоти дигари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, яке маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён, озодии матбуот ва нашри озодонаи маълумот, бо шумули масдуд шудани чандин сомонаи хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ, дигаре - шароити бади озодиҳои мазҳабӣ ва якеи дигар хушунат ва табъиз алайҳи занон баршумурда шудаанд. Гузориши вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин шиканҷа дар артиш, ҳабсҳои худсарона, рад шудани ҳаққи шаҳрвандон ба муҳокимаи одилона, шароити сахту барои ҳаёт хатарнок дар зиндонҳои Тоҷикистон, манъи дастрасии нозирони байналмилалӣ ба маҳбасҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи коргарон ва қочоқи инсон, бо шумули қочоқи нирӯи корӣ ва қочоқи занон барои танфурӯширо аз дигар мушкилоти ҳуқуқи инсон дар ин кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ ном мебарад.
Мақомоти амниятӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон, бино ба ин гузориш, барои аъмоли худ беҷазо мемонанд ва то имрӯз дар ин кишвар танҳо чанд мавриди ангуштшумори муҷозоти мансабдорони давлатӣ бо ҷурми поймол кардани ҳуқуқи башар сабт шуда, касе аз мақомот бор ҷурми шиканҷа маҳкум нашудааст.
Гузориш мегӯяд, дао тӯли соли 2015 дар бораи мавридҳои қатлҳои худсарона ва ғайриқонунӣ аз сӯи давлат ваё маъмуронаш гузориш шудааст. Дар ин робита аз ҷумла аз қазияи Умар Бобоҷонови 23-сола ёдоварӣ шудааст, ки рӯзи 28 август дар боғи шаҳри Ваҳдат боздошт шуд. Умар, ба гуфтаи шариконаш, дар шӯъбаи пулис латукӯб шуд ва рӯзи 24 сентябр дар ҳолати мадҳушӣ дар бемористон даргузашт. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр гуфт, ки ин қазияро таҳқиқ мекунад, вале то поёни сол дар бораи натиҷаҳои ин таҳқиқот гузорише нашуда буд.
Ҳамин тавр, гуфта мешавад дар гузориш, дар тӯли сол аз Тоҷикистон дар бораи чандин мавриди бо далелҳои сиёсӣ ғайб задани афрод хабар расидааст.
Гузориш шароити зиндонҳои Тоҷикистонро хеле бад тасвир мекунад ва мегӯяд, дар ин кишвар идораи омбудсмен – ваколатдори ҳуқуқи башар вуҷуд дорад ва намояндагонаш аз маҳбасҳо боздид мекунанд, вале танҳо ба камтар аз 2 дарсади шикоятҳо расидагӣ кардаанд. Созмонҳои ғайридавлатӣ ба далели садоқати идораи омбудсмен ба президент Раҳмон ва пайваста сарфи назар кардани нигарониҳои ҷомиа дар мавриди ҳуқуқи башар ба ин ниҳод эътимод надоранд.
Гузориши вазорати хориҷаи Амрико дар бахши марбут ба боздоштҳои худсарона дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон маъмулан далелҳои худ барои ин боздоштҳоро пеш меорад, вале боздоштшудаҳо ва созмонҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ пайваста гузориш медиҳанд, ки мақомот иттиҳомоти сохта ваё қазияҳои хурду резаро барои боздоштҳои ангезаҳояшон сиёсӣ истифода мебаранд.
Дар ин робита аз ҷумла аз боздошти вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров дар таърихи 29 сентябр ёдоварӣ шудааст. Гуфта мешавад, Ёров дар пайи ба дӯш гирифтани ҳимояти аъзои боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломӣ бо иттиҳоми гӯё қаллобӣ дар як қазияи марбут ба соли 2010 дастгир шуд. Аммо ҳамкорони ӯ ва нозирони байналмилалӣ боздошти вакили мудофеъро маҳз ба парвандаи боздоштшудаҳои ҳизби наҳзат рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки ҳадаф аз ҳимояти ин намояндагони мухолифин тарсондани вакилони дигар буд.
Гузориш мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон дар соли 2015 низ муҳокимаи парвандаҳои ангезаҳояшон сиёсиро пушти дарҳои баста идома доданд. Дар ин маврид аз қазияи соҳибкор Зайд Саидов ёд шудааст, ки қатъи назар аз дархости ӯ барои роҳ додани хабарнигорон ба додгоҳаш, ӯро боз ҳам пушти дарҳои баста муҳокима карданд ва ба 26 сол ҳукми зиндонаш аз соли 2013 боз 3 соли дигар афзуданд. Дигар мурофиаи ангезааш сиёсӣ, бино ба ин гузориш, парвандаи узви ҳизби наҳзати исломӣ Ҷалолиддин Маҳмудов буд, кимоҳи феврал, як моҳ қабл аз интихоботи парлумонӣ бо иттиҳоми ҳифзи ғайриқонунии силоҳ дастгир ва моҳи июл аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ҳисор ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.
Қабл аз манъи фаъолият ва созмони террористӣ эълон шудани ҳизби наҳзати исломӣ дар моҳи сентябр, дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ амал мекард, вале гузориши вазорати хориҷаи Амрико бо такя ба ақидаи нозирони умур, мегӯяд, аз ин шумор танҳо 3 ҳизб аз ҳукумат мустақил амал мекунанд. Гузориш мегӯяд, ҳарду маҷлиси парлумони Тоҷикистон ва аксарияти кулли мансабҳои давлатӣ дар дасти ҳизби ҳокими халқии демократии президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва аҳзоби дигар дар арсаи сиёсӣ ҳузур ва таъсири чандоне надоранд.
Гузориш мегӯяд, давлат дар умури аҳзоби сиёсӣ дахолат мекунад. Бино ба ин гузориш, мақомоти Тоҷикистон дар моҳҳои сентябру октябр 27 узви баландпояи ҳизби наҳзати исломиро дастгир ва бо вуҷуди камбуди далелҳо, ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри генерал Абдуҳалим Назарзода айбдор карданд. Аммо нуқтаи авҷи маъракаи зидди ин ҳизб, бино ба гузориши вазорати хориҷаи Амрико, ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябр буд, ки ҳизби наҳзатро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳона айбдор ва фаъолияташро дар Тоҷикистон манъ кард.