Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.
15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.
Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.
Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.
Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.
Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!
Тирамоҳи соли 2012 марги Ҳамзалӣ Икромзодаи 27-сола дар ҷойи маҳрумият аз озодӣ дар Тоҷикистон ба таври васеъ инъикос гардид. Пайвандони Ҳамзалӣ боварӣ доранд, ки ӯ қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона гаштааст. Хулосаи тиббии расмӣ нишон дод, ки изҳои сӯхта дар бадани Ҳамзалӣ дар натиҷаи расонидани ёрии аввалия пайдо шудаанд, зарари қафаси сина бошад, дар натиҷаи кӯшиши наҷот додани вай. Ташхисгарони судӣ-тиббӣ эълон доштанд, ки сабаби марги Ҳамзалӣ худашро овехтанаш мебошад.
Амиралӣ - бародари Ҳамзалӣ мегӯяд, ки волидони куҳансоли ӯ аз замони аз даст додани писарашон то ҳол ба худ наомадаанд. Ӯ нақл кард, ки бародараш аз замони хеле ҷавонӣ ҳамеша нафарони ниҳоят беҳимоят ва озордидаро ҳимоят мекард. «Ҳамзалӣ метавонист барои адолат ҷонашро диҳад»,- ба ёд меорад Амиралӣ.