Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.
15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.
Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.
Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.
Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.
Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!
19-уми феврали соли 2010 сокини 30-солаи Хуҷанд Исмонбой Бобоев баъди бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вилояти Суғд Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров боздошт шуд. Ба гуфтаи падари ҷавон Ҷӯрабой Бобоев, писари боздоштшудааш дар натиҷаи шиканҷа бо истифода аз «ҷараёни барқ» дар утоқи хизматии шахсони номбаршуда ба ҳалокат расидааст.
Моҳи марти соли 2010 аз рӯи қазияи марги боздоштшуда Исмонбой Бобоев шуъбаи тафтишотии Прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Дар содир намудани ин ҷиноят Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров гумонбар дониста мешаванд. Вале, гӯё бо сабаби бемории гумонбаршудагон таҳқиқи парванда бори шашум боздошта шуд ва тафтишот аллакай 7-ум сол аст, ки идома дорад.
Соли 2012 нигаронӣ аз рафти тафтишот ва ҳолати марги И. Бобоев дар тавсияҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта буд.
23-юми апрели соли 2016 намояндаи Ҷӯрабой Бобоев - адвокат Абдураҳмон Шарипов ба Прокурори генералии Тоҷикистон дар бораи тафтишоти бесамари парвандаи ҷиноятӣ ва набудани назорати айбдоркунандагӣ ариза дод.