Раҳимзода: Аз шиканҷа пешгирӣ намуда, бо гумонбарон муоширати хуб кунед

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз зердастонаш талаб кард, ки аз шиканҷа пешгирӣ намуда, ҳангоми бозпурсӣ бо шаҳрвандон муоширати хуб намоянд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар ҷаласаи Мушовараи ВКД оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 гуфт, “ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ боз  ҳам тақвият дода шуда, робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.”

Дафтари матбуоти ВКД аз ҷаласаи мазкур менависад,  “Вазири корҳои дохилӣ оид ба пешгирӣ намудани шиканҷа, муоширати хуб бо шаҳрвандон ва риояи ҳуқуқҳои онҳо ҳангоми бозпурсӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таъкид дошт.”

Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин ба тамоми сохторҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пеш, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, таъмини амният дар фурудгоҳҳо, вокзалҳо ва роҳҳои оҳан, тартибу низом ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, муноқишаҳои гурӯҳӣ байни ҷавонону ноболиғон ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.  

Зикр гардид, ки ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ боз  ҳам тақвият дода шуда, робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.

TojNews