Пайки хуш дар арафаи Рӯзи дастгирии қурбониёни шиканҷа

Ду ҳафтаи охири моҳи июни соли 2016 расонаҳои Тоҷикистон бештар дар мавриди чорабиниҳо бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа матолиб пахшу нашр карданд, аммо аллакай ҳафтаи аввали моҳ як пайки хуш расида буд.

Санаи 6-уми июн торнамои Радиои «Озодӣ» таҳти унвони «Шаҳбол Мирзоев: Пойҳоям ба ҳаракат даромаданд»  хабаре пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Шаҳбол Мирзоев баъд аз ҷарроҳии гурдааш дар баҳори соли ҷорӣ, ба табобат дар Муолиҷагоҳи бадани шаҳри Хуҷанд идома медиҳад. Ин сарбози маъюбшудаи неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 6-уми июн дар суҳбат бо «Озодӣ» гуфт, ки ҳоло пойҳояш низ каме ба ҳаракат даромадаанд ва ӯ табобати дусолаашро беҳуда намедонад. Вай афзуд, "аммо пойҳоям дард мекунанд. Ба ин нигоҳ накарда, ба табобат идома хоҳем дод, то замоне, ки саломатӣ барқарор шавад". Дар ҳамин ҳол, Шаҳбол Мирзоев се акси навашро дар канори рӯди Сир дар саҳифаи «Фейсбук» гузошта ва аз беҳбуд ёфтани вазъи саломаташ хабар додааст. Ӯ дар ин аксҳо дар аробаи маъюбӣ дида мешавад. Чанде аз шарҳнависон барояш саломатӣ хоста ва гуфтаанд, умед доранд, ки ин сарбоз рӯзе на бо аробаи маъюбӣ, балки бо пойи худ дар хиёбонҳои шаҳр гаштугузор хоҳад кард».

Шаҳбол Мирзоев, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт моҳи марти соли 2014 бар асари латукӯби шадиди як ҳамхизматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, ки устухони миён ва гардани сарбоз маҷруҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад.

Барои латукӯби Шаҳбол Мирзоев додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии неруҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ҳамин қисми низомиро барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани оинномаи хидматӣ ба 1,5 соли кори иҷборӣ маҳкум кард. Вале ин ҳарду баъди содир шудани ҳукм афв шуда, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.

Рӯзи 13-уми июн бошад, хабаргузории «Азия-Плюс» хабар дод, ки «Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ баррасӣ шуд» .

- Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар ҳамдастӣ бо Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар минтақаи Рашт дар мавзуи “Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ” мизи гирди навбатиро доир намуд. Дар ин мизи гирд намояндагон аз сохторҳои марбути Ҳукумати ҶТ, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Рашт, Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Шуъбаи корҳои дохилии минтақаи Рашт, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ ширкат намуданд. Иштирокчиёни мизи гирд аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки рӯз то рӯз зиёд шудани худкушӣ байни наваскарон ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо боиси он гардидааст, ки ҷавонон бо роҳҳои гуногун аз хизмати ҳарбӣ мегурезанд ё саркашӣ мекунанд,- аз ҷумла омадааст дар хабар.

Қобилбек Холибеков, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла қайд намудааст, ки “содиршавии ҷиноятҳои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба латукӯби сарбозон мансубият дорад, метавонад ба ҳолати руҳӣ - равониву ҳаёти шахсӣ зарари манфӣ расонида, обрӯю нуфузи хизмати ҳарбиро дар назди ҷомеа коста гардонад”. Ӯ ҳамчунин илова кардааст, ки “дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар самти мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна қонуншиканиҳо, дар давраи таҳлилии соли 2016 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта сатҳи содиршавии ҷиноятҳои марбут ба вайрон кардани қоидаҳои муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки ба латукӯби сарбозон мансубият дорад, ду баробар кам гардидааст”.

Дар ҳамин ҳол, санаи 15-уми июн хабаргузории «Озодагон» хабаре бо номи «Талаби 238800 сомонӣ зарари маънавии наздикони сарбози кушташуда»  пахш карда, иттилоъ дод, ки «Рӯзи ҷумъа, 17-уми июн Додгоҳи гарнизони низомии шаҳри Душанбе ба баррасии шикояти наздикони Фирдавс Раҳматов барои пардохти 238 ҳазору 800 сомонӣ зарарӣ маънавӣ шуруъ мекунад».

Фирдавс Раҳматов, ки дар қисми низомии 04080-и Вазорати мудофиа хизмат мекард, баъди як моҳ ба таври мармуз ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои наздикони Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд, ӯ, ки донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр буд, рӯзи 7-уми майи соли 2015 тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шуда, масъулини қисми низомӣ шоми 7 ба 8-уми июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади ӯро ба манзилаш овардаанд. Нахуст сабаби марги Раҳматов “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфта шуд, аммо Дилором Раҳматова, модари ӯ гуфт, фарзандаш бар асари латукӯб ҷон додааст. Ба дунбол, парвандаи ҷинояти оғоз гардид ва моҳи октябри соли сипаришуда Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд дар марги Фирдавс се нафарро муҷрим шинохт. Ба ин тартиб, сержант Раббонӣ Сулаймонов 18 сол, сержант Комрон Раҳимов 17,5 ва сарбози қаторӣ Айём Назаров 17 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Зимнан, санаи 24-уми июн торнамои Радиои «Озодӣ» таҳти унвони «Модари Эмомиддин барои наҷоти ӯ як гурдаашро медиҳад»  хабар пахш карда, аз ҷумла навишт: «Эмомиддинро ғайриқонунӣ ба артиш бурданду бемориашро бадтар карданд ва чаҳор афсар барои ин кор ва бо гуноҳи "хунукназарӣ" ҷазо гирифтанд. Вале Эмомиддин сиҳат нашуд ва акнун мунтазири пайванди гурдаи нав аст. Модари Эмомиддин Холов, ҷавони 22-сола, ки ҳарду гурдааш аз кор мондаанд, мегӯяд, барои зинда мондани фарзандаш як гурдаи худро ба ҷигарбандаш медиҳад. Аммо барои пайвандаи гурда ба 100 ҳазор сомонӣ мӯҳтоҷ ҳастанд. Наҷафмо Шоева, модари 60-сола ва фарзандаш таҳти муроқибати пизишкони Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон қарор доранд».

Эмомиддин Холов, сокини деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт моҳи майи соли 2015 ба хотири табобати гурдаҳои бемораш ба пойтахт омад, вале кормандони комиссариати ҳарбӣ ӯро дастгир карда,ба артиш бурданд. Хизмати ӯ дар қисми низомӣдар Хоруғ 12 рӯз идома кард ва баъди хуруҷи бемории гурдаҳояш ӯро аз артиш ҷавоб доданд. Ҳоло ҳарду гурдаи ӯ аз кор мондаанд ва Эмомиддин бо диализ зинда аст, чизе ки нақши гурдаро иҷро мекунад.

Дар моҳи июни имсол қазияи шикояти наттоқи машҳури тоҷик Луъбат Бурҳонова низ дигарбора расонаӣ гардид. Дар ин маврид хабаргузории «Озодагон» санаи 6-уми июн хабаре бо номи «Таъхир дар баррасии парвандаи шикояти гӯяндаи маъруфи телевизион»  пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасии парванда аз рӯи шикояти Луъбат Бурҳонова, гӯяндаи собиқи телевизиони Тоҷикистонро, ки барои марги писари ягонааш ҷуброн талаб дорад, 10-уми июн муқаррар кардааст».

Дар идома, санаи 11-уми июн торнамои NoTorture.Tj бо истинод ба хабаргузории «Азия-плюс» хабаре таҳти унвони «СРИҶҶ айби кормандонашро дар марги маҳбус эътироф намекунад»  пахш карда, навишт: «Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Илҳом Маҳмудзода дирӯз, 10-уми июн, дар суд эълон дошт, ки ба талаби ҷуброни зарари маънавӣ аз ҷониби модари маҳбуси марҳум Дилшодбек Муродов барои марги фарзандаш розӣ нест. Модари Дилшодбек Муродов - Луъбат Бурҳонова моҳи марти соли 2016 бо талаби ҷуброни зарари маънавӣ барои марги писараш, ки соли 2009 дар колонияи ислоҳотии №3/1 СРИҶҶ ВА ҶТ ба ҳалокат расид, ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кард. Ӯ дар ҳаҷми 334 950 сомонӣ ҷуброн талаб дорад ва ҷавобгар СРИҶҶ Вазорати адлияи Тоҷикистон ба шумор меравад».

Ба навиштаи хабаргузории «Азия-плюс», И. Маҳмудзода дар суд гуфтааст, ки «тибқи тафтишоти пешакии прокуратураи кишвар, ягон нафар аз кормандони СРИҶҶ дар марги Дилшодбек Муродов гунаҳгор нест. Ӯ ба ҳоҷатхона даромада, афтод, бо сабаби камбуди қалбӣ аз ҳуш рафт. Мо ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ расонида, баъдан ӯро ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат расонидем».

Аммо хоҳари Дилшод - Гулпарӣ мегӯяд, ки бародари ӯ ҳеҷ гоҳ аз ягон намуди беморӣ ранҷ намебурд, «ӯ ҳеҷ гоҳ ба духтур ба муроҷиат накарда буд, ҳатто ба духтури дандон».

Бояд гуфт, ки Дилшодбек Гулмирзоевич Муродов барои истифодаи маводи мухаддир ба муҳлати 6 сол ҳукм гирифт ва барои адои ҳукм дар колонияи ислоҳотии №3/1 СРИҶ ВА ҶТ қарор дошт. Моҳи августи соли 2009 Д. Муродов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, дар ҳолати беҳушӣ ба қисми тиббии колонияи номбурда расонида шуд, ки ба ҳуш наомада, дар онҷо вафот кард. Аз болои ин қазия Прокуратураи генералӣ бо қисми 3-и моддаи 110-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ барои набудани таркиби ҷиноят 4 маротиба қатъ гардид ва баъди шикоятҳои чандинкарата аз сари нав оғоз шуд, аммо бо сабаби муайян нагардидани шахси гунаҳгор боздошта шуд.

Дар моҳи июн боз як қазияи дигари пурсарусадо, ки моҳҳо боз баҳсаш идома дошт, расонаӣ гардид. Торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 15-уми июн матлаби муфассале бо номи «Ҳукми зиндони се пулиси рус барои куштори муҳоҷири тоҷик»  пахш кард, ки гардишҳои навро дар ин қазия рӯшан кардааст.

- Додгоҳи шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав рӯзи 15-уми июн се афсари пулиси Русияро бо ҷурми шиканҷа ва куштори муҳоҷири 39-солаи тоҷик Фаррух Урозов ба муҳлати беш аз 7 сол маҳкум ба зиндони низомаш шадид кард. Додрас Станислав Чепик ин се афсар - Владимир Гордеев, Станислав Дейкун ва Андрей Чернишевро дар берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабдрдида шудааст, гунаҳкор шинохт. Кодекси ҷиноии Русия барои иттиҳоми аввал ҳамчун ҷазо аз 3 то 10 соли зиндон ва барои иттиҳоми дувум то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале айбдоркунанда ҳафтаи гузашта аз додгоҳ барои ин се афсари пулис 9-солӣ ҳукми зиндон хост. Додрас Чепик дар ниҳоят Гордеевро ба 7 солу 6 моҳ ва Дейкун ва Чернишевро ба 7 солу 4 моҳи зиндон маҳкум кард,- омадааст дар матлаби торнамо.

Сергей Бабинетс, ҳуқуқшиноси Кумитаи ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар Русия, ки дар ин мурофиа аз манфиати наздикони ҷабрдида ҳимоят мекард, гуфтааст, ки онҳо акнун бо талаби товон аз афсари маҳкумшуда бо даъвои шаҳрвандӣ дигарбора ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки Фаррух Урозов аз рустои Бобосафоли поёни собиқ колхози “Коммунизм”-и ноҳияи Фархор буда, писари калониаш ҳамагӣ дар синфи 5-ум таҳсил мекунад. Се духтари ӯ ҳанӯз ҳатто ба мактаб намераванд. Ӯ, ки дар яке аз сохтмонҳои Солнечногорск ба ҳайси кафшергар кор мекард, шоми 17-уми сентябри соли 2014 бар асоси шикояти як зани ҳамсоя, ки ӯро ба таҷовуз ба номуси духтари шашсолааш айбдор карда буд, боздошт шуд. Ӯ шаби 18-уми сентябр, ҳанӯз то расидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар шӯъбаи пулис даргузашт.

 

Бар асоси хулосаи тафтишот, ки рӯзи 15-уми декабр нашр шуд, Фаррух Урозов бар асари шикастани 13 қабурғааш ҷон бохтааст. Маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътирофи гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки санаи 8-уми июн торнамои Радиои «Озодӣ» матлаби таҳлилиеро бо номи "Қонун дар рӯи коғаз намонад"  пахш карда, аз ҷумла навишта буд: «Масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз ворид шудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавӣ-ҷиноӣ, ки сабукиҳоеро барои боздоштшудаҳо дар назар дорад, истиқбол карда, аммо аз мақомот ҷиддан хостаанд, ки ин қонун «дар рӯи коғаз намонад». Нигина Баҳриева, раиси созмони "Нотабене", рӯзи 8-уми июн дар суҳбат бо «Озодӣ» аз ин тарҳ ба унвони кафолати зидди шиканҷа ном бурд. Ӯ гуфт, «воқеан, як қадами ҷиддии мусбат аст, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон гузошта шудааст, вале ҳадафи мо ин аст, ки тағйироти мазкур дар коғаз намонад ва амалан мавриди иҷро қарор дода шавад»».

Тибқи тарҳи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси мурофиавӣ - ҷиноӣ ворид карда шудаанд, муҳлати боздошти айбдоршавандаҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ё СИЗО танҳо се рӯз таъин карда шудааст. Ин қонунро раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ имзо гузоштааст. Ҳамин тавр, бар асоси ин ислоҳот марҳилаи ҳолати боздошти фарди айбдоршаванда содда карда шуда ва мақомот муваззаф шудаанд, ки аз лаҳзаи боздошт, пайвандон ва вакили мудофеи ӯро огоҳ намоянд. Инчунин, кормандони умури дохилае, ки масъулияти ҷараёни боздоштро бар ӯҳда доранд, вазифадор шудаанд, афроди боздоштшударо ба тавришифоҳӣаз ҳуқуқаш огоҳ намоянд. Бар асоси ин тағйирот, қабл аз ҷо ба ҷо кардани нафари гумонбар дар боздоштгоҳ, бояд аз ташхис ё муоинаи тиббӣ гузарад.

Ба навиштаи торнамо, «ин ислоҳот дар ҳолест, ки масъулони боздоштгоҳҳо ва созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯянд, дар муқоиса ба солҳои пеш, муроҷиати сокинон дар робита ба мавориди шиканҷа шудани айбдоршавандаҳо дар боздоштгоҳҳои мувақатӣ коҳиш ёфтааст. Саидҷаъфар Саидов, сардори боздоштгоҳи муваққатии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, «нисбат ба боздоштшудаҳое, ки барои чор ё панҷ рӯз ба инҷо оварда мешаванд, ягон зӯргӯӣ ё шиканҷа сурат намегирад. Ҳар чизе, ки аз тарафи наздиконашон оварда мешавад, ҳатман дастрас карда мешавад. Тайи чор соли охир вазъ боз ҳам беҳтар шудааст. Дар пештоқи даромадгоҳи боздоштгоҳи мо навишта шудааст, ки ба ҳеч кас шиканҷа ва ё муносибати ғайриқонунӣ раво дида намешавад».

Тавре қаблан зикр гардид, 26-уми июн Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда шуд. Пеш аз ин сана, рӯзи 15-уми июн торнамои Радиои «Озодӣ» матлабе бо номи «Аз шиканҷа кӣ ба куҷо шикоят мебарад?»  пахш кард, ки дар ҷое аз он гуфта мешавад: «Дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи шиканҷа ва ба хотири огоҳии бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавриди шиканҷаю роҳҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб шурӯъ аз ҳамин рӯз дар шаҳрҳои кишвар маърака ё аксияи зидди шиканҷа оғоз шуд. Шоира Давлатова, раҳбари гуруҳи иттилоотии Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 15-уми июн ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ки аз рӯзи 15 то 26-уми июн Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи шиканҷа тавассути шабакаҳои иҷтимоии Интернет, намоиши аксҳо, наворҳои видиоию аудиоӣ ва таблоҳои бузурги рекломии шаҳри Душанбе ба сокинон дар мавриди шиканҷа, Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва зӯроварӣ маъракаи фарогире анҷом хоҳад шуд».

Ҳамзамон, торнамо навишт, ки «бино ба иттилои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз 37 ҳодисаи шиканҷа шикоят шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта якуним баробар бештар будааст. Масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар гуфтанд, ки то моҳи июни соли ҷорӣ онҳо дар бораи 37 ҳодисаи истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳои кишвар шикоят дарёфт кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар зиёд будааст. Дар соли гузашта Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон дар бораи 45 ҳодиса шикоят гирифтааст. Аз ин ҷумла, 15 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздикони худ дар тафтишоти аввалия ва волидайни сарбозон аз зӯроварӣ ба фарзандони худ дар хидмати ҳарбӣ хабар додаанд».

Ҳамин тавр, аз рӯзи 15-ум сар карда, то 26-уми июн торнамои NoTorture.Tj 17 қиссаи қурбониёни шиканҷаро бо номҳои «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Зайдуллоев Шамсиддин»

(http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Шаҳбол Мирзоев» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-0), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Фирдавс Раҳматов» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-firdavs-rakhmatov), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Дилшодбек Муродов» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-dilshodbek-murodov), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Акмал Давлатов» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-akmal-davlatov), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Сафаралӣ Сангов» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-safarali-sangov), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Ҳамзаалӣ Икромзода» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-khamzaali-ikromzoda), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Хуршед Бобокалонов» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-hurshed-bobokalonov), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Умар Бобоҷонов» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-umar-bobochonov), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Абдуваҳоб Қаюмов» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-abduvakhob-kayumov), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Баҳромиддин Шодиев» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-bakhromiddin-shodiev), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Фарухҷон Ҳайталиев» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-faruhchon-khaytaliev), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Мақсуд Носиров» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-maksud-nosirov), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Исмонбой Бобоев» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-ismonboy-boboev), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Парвиз Дустматов» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-parviz-dustmatov), «Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Уктамҷон Игамов» (http://www.notorturetj.org/tj/news/aksiyai-kurbonii-shikancharo-dastgiri-namo-kissai-uktamchon-igamov) пахш кард, ки аз рӯзгори талхи онҳо нақл мекунанд.

NoTorture.Tj