Шикояти шаҳрванд аз амалҳои нозирони минтақавӣ нисбати фарзанди ноболиғаш

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиати, сокини шаҳри Душанбе Киромова М.Б. аз кирдорҳои ғайриқонунии кормандони ниҳоди корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоилии Сомонии шаҳри Душанбе, махсусан аз болои амалҳои нозирони минтақавии №5 нисбати фарзанди ноболиғаш шикоят дорад, ба қайд гирифт.

Ӯ дар ин маврид ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи ноҳияи Исмоилии Сомонии шаҳри Душанбе, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки ба амалҳои ғайриқонунии кормандони милиса баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шуда, номбурдагон тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳодиса 20.11.2024 рух додааст: “Ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки тахминан соатҳои 15:10, ҳангоме, ки писари ман С.Д. (ноболиғ) барои гусели дӯсташ С.А. (ноболиғ) аз хонаи мо баромада, ба роҳи асосӣ (кӯчаи Мирзо Турсунзода) раҳсипор мешуд, дар роҳ бо ду нафар нозири минтақавӣ, ки бо либосҳои хидматӣ буданд, рӯ ба рӯ шуд. Яке аз нозирон, ки Х.С. ном дорад, гӯё шоҳиди ҷинояте шуда бошанд, дарҳол пеши роҳи фарзандамро гирифта, бе муаррифии худ, бе нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ ва бе баёни мақсадҳои худ ҷайбҳои фарзанди маро кофта, ӯро ба девори кӯча зӯран пахш карда, нисбаташ суханҳои қабеҳ истифода бурда, фишори равонӣ овардааст. Вақте Х.С. гуфтааст, ки ӯро ба “отдел” мебарад ва аз банди шимаш кашида, бурданӣ шудааст, писари ман талаб кардааст, ки аввал нозир ба волидайнаш занг занад. Танҳо дар асоси ҳамин талаб ва истодагарӣ Х.С. соатҳои тақрибан 15:25 ба ман занг зад. Ин ҳодиса дар камераҳои мушоҳидавӣ сабт карда шудаанд”.

М. Киромова меафзояд, ки аз суханони писараш, дар он лаҳза аз ҷайби ӯ як адад сигори электронии тамғаи WAKA пайдо намудаанд. Аммо дастгоҳи электронии мазкур дар асл моли фарзанди ӯ набуда, онро чанде пеш, яъне тақрибан 2 соат қабл аз ин ҳодиса, барои мондани “заряд” (барқпуркунак) ба ӯ дӯсти дигараш А.Х. додааст: “А.Х. дар навбати худ ин дастгоҳро аз ҳамкораш, ки ба мисли ӯ ба хӯроккашонӣ ҳамчун “доставщик” машғул аст, худи ҳамон рӯз дар роҳ гирифтааст. Чун дӯсташ саросема аз пайи фармоиши нав мерафтааст ва барои мондани заряд макони мувофиқ ва вақт наёфтааст, аз А.Х. хоҳиш кардааст, ки ин корро ба ҷойи ӯ карда, баъдтар сигори электрониро ба ӯ орад. Бояд гуфт, ҳамкори А.Х. ҷавони болиғ (номашро писари ман намедонад) ва донишҷӯй мебошад. Аммо чанд лаҳза пас ба А.Х. ҳам тариқи телефон фармоиши нав барои овардани таом омадааст (ӯ одатан пас аз дарс кор карда, ба ҳамин тариқ ба оилааш кумак мерасонад) ва ӯ аз фарзанди ман хоҳиш кардааст, ки сигори электрониро “заряд” монад, чун то хонаи мо ҳамагӣ 5 дақиқа роҳ аст. Ҳамин тавр писари ман сигори электрониро ба ҷайби шимаш гузошта, бо дӯсти дуюмаш С.А. ба хона меравад, аммо бо бозӣ саргарм шуда, ба барқпуркунак васл кардани сигори электрониро фаромӯш мекунад. Баъди чанд муддат, барои гусели дӯсташ С.А. аз хона тани як куртаи сафеди мактабӣ берун рафта, ҳамагӣ ду кӯча болотар аз ҷониби нозирони минтақавӣ бо роҳи истифодаи зӯроварӣ дастгир карда мешавад”.

Ба гуфтаи ин модар, гарчанде писараш мехостааст ҳолати корро фаҳмонад, аммо ӯро касе гӯш накардааст: “На сардори нозирот Т.У., на нафароне, ки ӯро дастгир карданд, ҳатто як маротиба кӯшиши ба суханони ӯ гӯш доданро накардаанд. Баръакс талаб мекарданд, ки баёнот нависад ва ҳамзамон ӯро дар сардӣ дар ҳолати вазнини рӯҳӣ нигоҳ дошта, бештару бештар ба ӯ бо алфози қабеҳ фишор меоварданд. Ӯро такрор ба такрор ҷинояткор мегуфтанд”.

Ба қавли ӯ, “чун ман шоҳиди ин саҳнаи даҳшатбору пастзананда дар нисбати кӯдак шудам, дарҳол талаб кардам, ки ба ман на танҳо ҳолати дастгирсозии кӯдак, балки сабабҳои дастгиршавии ӯро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок созанд. Мехостам рафти ҳолатро на танҳо аз Тағоев У., балки аз нафароне, ки бевосита дар дастгирсозии ӯ иштирок доштанд, фаҳмам. Аммо Х.С. ин дархостҳои манро бо ғазаб қабул карда, ба сӯйи ман ҳам дод гуфта, фишор овард ва ҳатто ҳуҷҷати хидматиашро нишон надод. Даъво дошт, ки ӯ милиса аст ва ҳар коре хоҳад мекунад, яъне хоҳад ба кисаи одамон бепурсу пос ҳам бошад, даст мезанад, хоҳад зӯран кашолакунон кӯдакро ба нозирот меорад, чунки қонун ин иҷозатро ба ӯ додааст”.

Мавсуф нигаронӣ мекунад, ки “маълум мешавад, кормандони нозироти минтақавии мазкур на аз баробарии зану мард дарак доранд, на аз талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баробариро новобаста аз ҷинсу нишонаҳои дигар кафолат додааст. Ҳамин тариқ, касе ба ман ва фарзанди ман дақиқан фаҳмонида натавонист, ки дар асоси талаботи кадом қонун фарзанди ман дар рӯзи равшан ба ин шакли пастзанандаи шаъну шараф ва обрӯи инсонӣ дастгир шуда, ба нозирот тани як курта оварда шуд”.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, вобаста ба ҳамин қазия кумакӣ ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ мерасонад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube:   https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj